Декабр 26, 2022 10:01 Asia/Dushanbe
  •  Баргузории дуввумин шаби маросими азодории ҳазрати Заҳро (с) бо ҳузӯри  Раҳбари муаззами инқилоб

Дуввумин шаби маросими азодории ҳазрати Фотимаи Заҳро (с) бо ҳузӯри Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ва ҷамъе аз азодорони хонадони исмат ва таҳорат (а) дар Ҳусайнияи Имом Хумайнӣ (а) баргузор шуд.

Ба гузориши Садои Хуросон, ба нақл аз пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мақоми муаззами Раҳбарӣ, дар ин маросим, Ҳуҷҷатулислом валмуслимин Рафеъӣ , ибодат, тарбият, ҷиҳод, каромат, исор, илм ва сода зистиро аз ҷумлаи вижагиҳои хонаи ҳазрати Заҳро (с) баршумурд ва гуфт: Дарси ҷавонони мо аз бонуи бузурги башарият ва хонаи ӯ ин аст, ки дар авҷи ҷавони тавре метавон  конуни сутудагӣ, фазилат ва аззамат шуд, ки ҷузъ бо анбиё ва аъима (а) қобили қиёс набошад.

Ҳамчунин дар ин маросим, Маҳди Расулӣ марсиясароӣ ва навҳахонӣ кард.

Имсол бо таваҷҷӯҳ ба коҳиши бемории  Карона ва дар айни ҳол лузуми истимрории риъояти шиваномаи беҳдоштӣ, маросими ъзодорӣ дар Ҳусайнияи Имом Хумайнӣ (р) бо ҳузӯри теъдоди маҳдуд аз азодорон аз ҷумла  хонаводаи муаззами шуҳадо баргузор мешавад ва мизбонӣ аз ҳамаи  муштоқони азодорӣ имконпазир нест

 

Барчасп