Декабр 28, 2022 14:26 Asia/Dushanbe
  • Дидори Амир Абдуллоҳиён бо Султони Уммон

Вазири умури хориҷаи Эрон имрӯз (чаҳоршанбе) бо Султони Уммон дидор ва гуфтугӯ кард.

Ба гузориши Садои Хуросон, Ҳусайн Амир Абдуллоҳиён вазири умури хориҷаи Эрон дар дидор бо Ҳайсам бин Сориқи оли Саъид Султони Уммон, паёми Раиси Ҷумҳӯри Исломии Эронро ба вай ироа кард.

Вазири умури хориҷаи Эрон, ки шаби гузашта ба Уммон сафар кард, дар вуруд ба Маскат ба хабаргузорон гуфта буд, ки ҳомили паёми Сайид Иброҳим Раисӣ, Раиси Чуҳӯрии Исломии Эрон барои подшоҳи Уммон аст.

Амир Абдуллоҳиён қарор аст бо мақомоти Уммон низ дидор ва гуфтугӯ кунад. Равобити Эрон ва Уммон дар чант даҳҳаи ахир ба рағми танишҳое дар Халиҷи Форс ва талоши Амрико барои таҳддиди Эронҳароси ҳамвора равобити мубтани бар эҳтиром ва манофеъи мутақобил будааст.

Мақомоти Уммон  муътақиданд, равобити наздик бо Эрон бар мабнои воқеъгароӣ буда ва Эронро як ҳамсояи бузург медонанд, дукишвар ҳеҷгуна ихтилофоти сарзаминӣ ва марзӣ бо якдигар надоранд. Ҳимояти Эрон аз Уммон ба шакли мусбат ва мондгоре дар ҳофизаи таърихӣ Уммон нақш бастааст.

Барчасп