Декабр 30, 2022 18:45 Asia/Dushanbe
  • Роҳпаймоии 9 дай дар Эрон
    Роҳпаймоии 9 дай дар Эрон

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон 9 дайро аз рӯзҳои эҳёкунандаи дайн донист, ки ба баракати ҳузури мардум тавтеаҳои душманон ноком монду оромиши аздастрафтаро ба миллати Эрон бозгардонд.

Имрӯз – ҷумъа, 30 декабр, мусодиф аст бо солрӯзи ҳузури Ошӯрои мардуми ҳамосасозу вилоятмадори Эрон дар роҳпаймоии 9 дайи соли 1388 ҳиҷрии шамсӣ, ки нуқтаи атфе дар таърихи инқилобу барги заррини дигаре дар ифтихороти мардуми Эрони исломӣ маҳсуб мешавад.

Нуҳуми дайи соли 1388 (30 декабри 2009) ёдовари роҳпаймоии миллионии мардуми Эрон дар эъломи бароат аз сохторшиканони ҷомеа ва посухе қотеъ ба аносири фитнагаре буд, ки ба баҳонаи тақаллуб дар даҳумин давраи интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон, масири бероҳаро дар пеш гирифта буданд.

Ҳуҷҷатулислом Козими Сиддиқӣ, хатиби намози ҷумъаи Теҳрон бо гиромидошти солрӯзи ҳамосаи 9 дай гуфт: Дар ин рӯз инсиҷом байни имому уммат бори дигар истеҳкоми худро нишон дод ва собит кард, иртибот байни уммату имом, ки аз ибтидои Ислом то имрӯз дар миёни муъминин вуҷуд дошта, ногусастанист ва ҳеҷ касе натавониста муъминонро аз имоми худ ҷудо кунад.

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон бо баёни ин ки талоши душман ин буд то масъалаи уммату имоматро бо ҷараёни фитнаи куре, ки барномарезӣ карда буд, аз байн бубарад, гуфт: Қудратҳои шайтонии истикборӣ ва низоми султа бидуни парда дар саҳна худро ҳозир карданд ва аз бониёни фитнаву фитнагарон эъломи ҳимояти расмӣ карданд ва зангҳои таблиғотии худро дар масири баҳам рехтани ваҳдати ҷомеаи мо ва ҷудо кардани уммати мо аз валии фақеҳ ба кор бурданд, аммо натавонистанд дар ин масир муваффақ шаванд.

Ҳуҷҷатулислом Сиддиқӣ ҳамчунин бо ишора ба солрӯзи шаҳодати сардори сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи пешини неруи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ гуфт: Шаҳид Сулаймонӣ ғайрат, маънавият ва диндориро дар тӯли даврони муҷоҳидати худаш дар саҳна ва дар фарозу нашебҳои инқилоб ба намоиш гузошт.

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон бо баёни ин ки Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар бораи шаҳид Сулаймонӣ гуфтанд, ки хатари ӯ барои истикбору ҳимояташ аз ҷабҳаи ҳақ ва муқовимати бештар аз қабл шудааст, афзуд: Ташйиъи пайкари поки ӯ нишон дод, мардуми Эрон тарафдори инқилоби ноб дар ҳадди шеваву сирати шаҳид Сулаймонӣ ҳастанд.

 

Барчасп