Декабр 31, 2022 10:08 Asia/Dushanbe
  • Миллипӯши шатранҷи Эрон муқобили режими саҳюнистӣ ҳозир нашуд

Сайид Муҳаммадамини Таботабоӣ- намояндаи Эрон дар мусобиқоти ҷаҳонии шатранҷ муқобили шатранҷбози режими саҳюнистӣ ҳозир нашуд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар ҷараёни рӯзи охири мусобиқоти барқосои қаҳрамонии ҷаҳон дар бахши мардон Сайид Муҳаммадамини Таботабоӣ дар даври 19 муқобили намояндаи режими саҳюнистӣ ҳозир нашуд .
Таботабоӣ дар ин мусобиқот муваффақ шуд 10 имтиёз касб кунад ва дар радаи 100-и ин мусобиқот биистад .
Пеш аз ин дар ҷараёни мусобиқоти сариъи қаҳрамонии ҷаҳон дар бахши мардон Пӯё Ойдинӣ дар даври чаҳорум муқобили шатранҷбози режими саҳюнистӣ ҳозир нашуд .
Ҳамчунин Бардиё Донишвар-миллипӯши ҷавони шатранҷи Эрон дар даври сеюм муқобили намояндаи режими саҳюнистӣ ба майдон нарафт .Мусобиқоти ҷаҳонии шатранҷи сариъу барқосои ҷаҳонӣ аз 26 то 30 декабр дар Кохи варзишии Алмаатои Қазоқистон баргузор шуд .
Мусобиқоти сариъ дар таърихи 26 то 28 декабр ва сипас мусобиқоти барқи осо 29 то 30 декабр кори худро дунбол кард .

 

Барчасп