Узви маҷлиси хубрагони раҳбарии Эрон: Ҷинояти террори фармондеҳи муқовимат нуқтаи атфи тахрихи меҳвари муқовимат аст
(last modified 2023-01-01T10:53:49+00:00 )
Январ 01, 2023 15:53 Asia/Dushanbe
  • Узви маҷлиси хубрагони раҳбарии Эрон: Ҷинояти террори фармондеҳи муқовимат нуқтаи атфи тахрихи меҳвари муқовимат аст
    Узви маҷлиси хубрагони раҳбарии Эрон: Ҷинояти террори фармондеҳи муқовимат нуқтаи атфи тахрихи меҳвари муқовимат аст

Увзи маҷлиси хубрагони раҳбарии Эрон ҷинояти террори фармондеҳи муқовиматро нуқтаи атфи тарихи меҳвари муқовимати исломӣ донист.

Ба гузориши радиои Садои Хуросон оятуллоҳ шайх Абоси Каъби узви мавлиси хубрагони раҳбарии Эрон дар маросими севумин солгарди шаҳодати фармондеҳи муқовимат генерал Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи пешини неруи қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ва Абумаҳди Алмуҳандис ноибраиси басиҷи мардумии Ироқ, ки дар Басра ҷануби Ироқ баргузор шуд бар пайгирии парвандаи террори фармондеҳи муқовимат ва зарурияти ихроҷи низомиёни ишғолгар аз кишварҳои минтақа таъкид кард.

Оятуллоҳ Каъби афзуд: Ин ҳодисаи бузург, ки кулли ҷаҳонро ба ларза даровард нуқтаи атфи таърихи дар масири уммати исломӣ ва меҳвари муқовимати исломӣ барои эҷоди низоми ҷадиди ҷаҳонӣ буд.

Шайх Холид Алмало, раиси ҳайтаи уламои Ироқ низ гуфт: Ҷинояти террори фармондеҳон пирузи дар ҳоли руй дод, ки шаҳидон Сулаймонӣ ва Абумаҳди Алмуҳандис барномаҳои Амрико ва рержими саҳюнистиро дар Ироқ ва минтақа шикаст диҳанд.

Бархе намояндагони парлумони Ироқ низ таъкид карданд ба талош барои иҷрои мусавабаи соли 2020 парлумони ин кишвар дар бораи ихроҷи низомиёни хориҷи аз ҷумла неруҳои амрикоӣ талош хоҳанд кард.

Фолеҳ Алхазъали намояндаи парлумони Ироқ гуфт: Парлумони Ироқ соли 2020 тасмими шуҷоъонаеро барои ихроҷи неруҳои бегона аз Ироқ ба тасвиб расонд ва имруз ҳам мардум аз ин мусаваба ҳимоят мекунанд.

Генерал Қосиси Сулаймонӣ фармондеҳи пешини неруи қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ  3 январи соли 2020 дар ҳоле, ки ба даъвати расмии мақомоти Ироқ ба ин кишвар сафар карда буд дар ҳамлаи ҳавоӣ неруҳои мутаҷовиз ва террористӣ амрикоӣ наздики фурудгоҳи Бағдод ба ҳамроҳи Абумаҳди Алмуҳандис ноибраиси басиҷи мардумии Ироқ ва 8 нафар аз ҳамроҳонашон ба шаҳодат расид.

Барчасп