Амир Абудллоҳиён: Эрон мухолифи ҳузри кишварҳои хориҷи дар минтақа аст
Вазири умури хориҷаи Эрон дар гуфтуги телефони бо вазири хориҷаи Ҷумҳурии Озарбойҷон бар мухолифати Теҳрон бо ҳузури кишварҳои хориҷи дар минтақа таъкид кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҳусейн Амри Абдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Эрон дар ибтидои гуфтугуи телефони Ҷайҳун Бойрамов, вазири хориҷаи Ҷумҳурии Озарбойҷон оғози соли нави мелодиро ба давлат ва миллати Ҷумҳурии Озарбойҷон табрик гуфт ва ибрози умедвори кар муносбатҳои байни ҳамдигар дар соли ҷадид шоҳиди рушди ҳамкориҳо дар бахшҳои мухталифи сиёсӣ ва иқтисодӣ бошад.
Амри Абдуллоҳиён бо ишора ба омодагии Ҷумҳурии Исломии Эрон барои афзоиши ҳамкориҳои транзити ва ҳамлу нақли ду кишвар изҳор кард, ҳамкориҳо дар бахши ҳамлу нақл ва транзитро бояд афзоиш диҳем ва ҳамчунин омодаи афзоиши мубодилоти тиҷории ду кишвар ҳастем.
Вазири умури хориҷаи Эрон ҳамчунин бо таъкид бар мухолифати Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ҳузури кишварҳои хориҷи дар минтақа таъкид кар бо иттихози руйкарди мусбат метавон мушкилоти минтақаро тавассути кившарҳои минтақа ба хуби ҳалу фасл кард.
Ташкили коргуруҳе бо мавзуъи фаъолиятҳои расонаӣ дар ду тараф ва баррасии камоби ва олудагии руди Арас миёни Эрон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон аз дигар мавзуъоти матраҳ ва пешниҳодшуда аз суи вазири умури хориҷаи Эрон дар ин гуфтугуи телефонӣ буд.
Ҷайҳун Бойромов, вазири хориҷаи Ҷумҳурии Озарбойҷони низ дар ин гуфтугуи телефонӣ бар аҳамияти ҳамкори бо Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид ва алоқамандии давлати худ барои баргузории комисяи муштараки иқтисодии ду кишвар дар авали соли нави мелодӣ ва иртиқои муносиботи иқтисодӣ ва тиҷории ду кившарро эълом кард.