Январ 01, 2023 18:44 Asia/Dushanbe
  • Инҳидоми паҳподи муҳоҷим тавассути сомонаи мушакии тактикии бумии «Мирсод»-и артиш

Дар марҳалаи аслии размоиши «Зулфиқор 1401»-и артиши Ҷумҳурии исломии Эрон, сомонаи мушакии тактикии бумии «Мирсод» бо шиллики як фарванд мушак муваффақ ба инҳидоми паҳподи муҳоҷим шуд.

Размоиши муштараки «Зулфиқор 1401»-и артиши Ҷумҳурии исломии Эрон панҷшанбешаб (29 декабр) бо рамзи «Ё Заҳро (саломуллоҳи алайҳо)» дар манотиқи ҷануби шарқ, савоҳили Макрон, ҳадди фосили шарқи тангаи Ҳурмуз то наздикии бандари Гавотер ва дарёи Уммон то мадори 10 дараҷа дар шимоли уқёнуси Ҳинд оғоз шуд.

Дар марҳалаи аслии ин размоиш тайи амалиёти шабона, паҳподи муҳоҷим дар нақши неруи душман, ки қасди наздик шудан ба ҳарими ҳавоии Эрон аз самти дарёро дошт, бо кашфи бамавқеи он тавассути радари сомонаи мушакии тактикии бумии «Мирсод» дар фосилаи 150 километрӣ ва дар иртифои 25 ҳазор по ва анҷоми ҳамоҳангӣ бо шабакаи якпорчаи падофанди ҳавоӣ, бо шиллики як фарванд мушак, паҳподи муҳоҷимро мавриди исобат қарор дода, сарнагун кард.

Сомонаи мушакии тактикии бумии «Мирсод» - сомонае мутаҳаррик ва чолок аст, ки қудрати кашфи он аз 110 километр ба 150 километр афзоиш ёфтааст ва бо истифода аз фанновариҳои барӯз диққату тадовуми амалиётии болое дораду аҳдофро дар фосилаи 40 километрӣ мунҳадим мекунад.

Ҳамчунин сомонаи мазкур ин қобилиятро дорад, ки дар камтар аз 7 дақиқа истиқрор ва баъд аз шиллики мушак дар ҳамон муддат замони мавқеияти худро тағйир диҳад.

 

Барчасп