Шиллики мушаки сатҳ ба сатҳи «Наср» дар размоиши «Зулфиқор 1401»
Дар идомаи баргузории мароҳили аслии размоиши муштараки «Зулфиқор 1401»-и артиши Ҷумҳурии исломии Эрон, сомонаҳои мушакиву ягонҳои шиноварии Неруи дарёии артиш бо истифода аз мушакҳои «Наср» аҳдофи сатҳии худро дар дарёро мунҳадим карданд.
Ба гузориши хабаргузории «Форс», ягонҳои шиновари сатҳии Неруи дарёии артиши Ҷумҳурии исломии Эрон бо иҷрои оташи мушакӣ дар мароҳили аслии размоиши муштараки «Зулфиқор 1401» аҳдофи сатҳии худ дар дарёро мавриди исобат қарор доданд.
Дар ин марҳила аз размоиши нови мушакандози «Наҷм» бо шиллики мушаки крузи «Наср» ҳадафи сатҳии таъйиншуда дар дарёро бо муваффақият мавриди исобату инҳидом қарор дод.
Размоиши муштараки «Зулфиқор 1401»-и артиши Ҷумҳурии исломии Эрон панҷшанбешаб (29 декабр) бо рамзи «Ё Заҳро (саломуллоҳи алайҳо)» дар манотиқи ҷануби шарқ, савоҳили Макрон, ҳадди фосили шарқи тангаи Ҳурмуз то наздикии бандари Гувотар ва дарёи Уммон то мадори 10 дараҷа дар шимоли уқёнуси Ҳинд оғоз шуд.