Январ 04, 2023 17:32 Asia/Dushanbe
  • Солорӣ: Моҳвораҳои гуногуне бояд то соли 1410 дошта бошем
    Солорӣ: Моҳвораҳои гуногуне бояд то соли 1410 дошта бошем

Раиси Созмони фазоии Эрон абъоди мухталифи барномаи 10 солаи фазоии кишварро ташреҳ кард.

Ҳасани Солорӣ, раиси Созмони фазоии Эрон дар бораи барномаи 10 солаи фазоии Эрон гуфт, ин барнома абъоди мухталифе дорад ва дар чаҳор ҳавзаи санҷиш аз дур, мухобирот, новбарӣ ва улуму иктишофоти фазоӣ сарфаслҳои мушаххасе дорем.

Солорӣ афзуд: Сохт партобгарҳо ба унвони як заминаи пуштибон ва ҳамчунин сохти озмоишгоҳҳову марокизи тесту ҷамъбандии моҳвора ба унвони ду ҳавзаи зерсохтӣ дар ин барномаи 10 сола, аҳдофи комилан мушаххасеро дар бозаҳои сесола дорад.

Солорӣ хотирнишон кард, дар заминаи иқтисоди фазо низ аҳдофи комилан мушаххасеро дар назар гирифтем, ки бар тавсеаи корбурдҳои мубтанӣ бар додаҳои фазоӣ, тасовир ва ҳамчунин хадамоти мухобиротии мубтанӣ бар фазо, интернет ва ашёву амсоли он қарор дорад.

Солорӣ афзуд: Моҳвораҳои гуногуне бояд то соли 1410 дошта бошем ва дар ҳавзаи диққат барои тасвирбардорӣ ба диққати як метр ва ҳатто камтар аз он бирасем, ки ҳоло қобилияти маҳмулаҳое бо диққати 5 метр ба сурати сиёҳу сафед ва 10 метри рангиро дорем, ки сол ба сол бо тавсеаи зерсохту тарроҳиҳое ки сурат мегирад, беҳбуд пайдо мекунад.

Ба гуфтаи Солорӣ, қобилияти сохти моҳвораҳои то 150 то 200 килограм вуҷуд дорад, ки классҳои микро ва мини маҳсуб мешавад ва бояд ба самти моҳвораҳои то вазни 500 килограм пеш биравем.

 

Барчасп