Январ 07, 2023 11:28 Asia/Dushanbe
  • Гузориши ФАО аз нақши муҳими Эрон дар таъмини ғизои ҷаҳонӣ

Созмони ҷаҳонии хурокворӣ ва кишоварзии Миллали Муттаҳид ( ФАО ) аз нақши муҳими Эрон дар таъмини маводи ғизоии ҷаҳон хабар дод .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, оморҳои Созмони ҷаҳонии хурокворӣ ва кишоварзии Миллали Муттаҳид ( ФАО ) нишон медиҳад Эрон аз нақши муҳимме дар таъмини маводи ғизоии ҷаҳон бархурдор аст ва дар миёни содиркунандагони бузурги маҳсӯлоти ғизоӣ дар ҷаҳон қарор гирифтааст .
Бар асоси омори ФАО аз соли 2021 Эрон дар содироти 25 маҳсӯли кишоварзӣ, ҷузви 20 кишвари нахусти ҷаҳон қарор дошта ва рутбаҳое аз 1 то 20-ро дар ин замина ба худ ихтисос додааст .
Унвони бузургтарин содиркунандаи анҷири ҷаҳон дар соли 2021 ба Эрон ихтисос доштааст .
Эрон дар ин соли 8763 тани анҷир содир кардааст, ки беш аз ҳар кишвари дигар будааст .
Ду кишвари аврупоии Австрия ва Испания баъд аз Эрон ва ба тартиб дар рутбаҳои дувум ва сеюм аз ин назар қарор гирифтаанд .
Рутбаи дувумии содироти се маҳсӯли писта, кишмиш ва бодимҷон дар соли 2021 низ мутаъаллиқ ба Эрон будааст .
Эрон пас аз Амрико дуюмин содиркунандаи пистаи ҷаҳон буда ва беш аз 136 ҳазор тон писта дар ин сол содир кардааст .
Эрон ҳамчунин 106 ҳазор тон кишмиш содир карда ва пас аз Туркия дар рутбаи дувуми содироти ин маҳсул қарор гирифтааст .
Эрон дар содироти ду маҳсӯли тарбуз ва ангур рутбаи сеюми ҷаҳонро дар ихтиёр дорад .
Эрон дар содироти маҳсули муҳими хурмо низ ҷойгоҳи муҳимме дар ҷаҳон дорад .
Эрон дар соли 2021 беш аз 245 ҳазор тон хурмо содир карда, ки фақат аз содироти се кишвар камтар будааст .

Бештар бихонед :

 

Барчасп