Оятуллоҳ Нурии Ҳамадонӣ иҳонати нашрияи фаронсавӣ ба муқадасоти мусалмононро маҳкум кард
(last modified Sun, 08 Jan 2023 06:07:40 GMT )
Январ 08, 2023 11:07 Asia/Dushanbe
  • Оятуллоҳ Нурии Ҳамадонӣ иҳонати нашрияи фаронсавӣ ба муқадасоти мусалмононро маҳкум кард
    Оятуллоҳ Нурии Ҳамадонӣ иҳонати нашрияи фаронсавӣ ба муқадасоти мусалмононро маҳкум кард

Оятуллоҳ Ҳусейни Нурии Ҳамадонӣ, марҷаъи тақлид иҳонати нашрияи фаронсавӣ " Charlie Hebdo" ба муқадасоти мусалмононро маҳкум кард.

Нашрияи фаронсавӣ "Charlie Hebdo" дар пайи иқдомоти сахифи худ мабни бар роҳандозии як мусобиқаи байналмилалӣ барои расми корикотур дар тавҳин ба марҷаъият, муқадасот ва арзишҳои динӣ ва миллии мусалмонон вижаномаи рузи чаҳоршанбе 4 январи худро бо тасвирҳои ба шиддат муваҳин ҳамроҳ бо алфоз ва иборатҳои бад ва тавҳиномез ба ин амр ихтисос дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ин марҷаъи тақлид дар паёми аз созмонҳои байналмилалии ҷаҳони ислом хостанд, ки мавзуъи иҳонаи нашрияи фаронсавии "Charlie Hebdo" ба муқадасоти мусалмононро ба таври ҷидди пайгири кунанд.

Дар паёми оятуллоҳ Нурии Ҳамадонӣ омада аст: Бо камоли таасуф дар кишваре, ки иддаои озоди ва тамадун дорад бешармонатарин аъмолро дар тайи ин солҳои ахир анҷом дод ва пайваста ба боварҳои поки миллатҳо тавҳин мекунад ва ҷасорат ба муқадасаоти мусалмононро дар пеш гирфта аст.

Ин марҷаъи тақлид афзуд: Шаке нест, ки иҳонатҳои гузашта ба соҳати нуронӣ ва муқаддаси Қуръони Карим ва Паёмбари Акрам(с) ва ахиран ҳам ба ҷойгоҳи марҷаъият ва раҳбарии шиъа бо ҳидояти арбоби саҳюнистӣ буда аст, аммо ҳалқаи номубораки Амрико ва саъудӣ ва саҳюнистӣ ва навкаронаш ҳамчун Фаронса бидонанд, ки бо тавҳин ба ҷасораткори ба ҷой нахоҳанд бурд балки миллатҳоро бедортар ва муқобила бо истикбории онҳо мусамамтар мекунад.