Январ 11, 2023 17:35 Asia/Dushanbe
  • \
    \"Ҳамаи тавони қудрату иқдомоти Неруи дарёии артиш мумтоз ва вижа аст\"

Ҷонишини фармондеҳи Неруи дарёии артиши Ҷумҳурии исломии Эрон гуфт: Тавони кишвар дар ҳавзаи дарёӣ бисёр болост ва Неруи дарёии артиш аз манофеи миллӣ ҳар ҷо ки лозим бошад, қотеъона дифоъ хоҳад кард.

Неруи дарёии артиши Ҷумҳурии исломии Эрон як неруи таъйинкунанда дар арсаҳои мухталиф аст ва бо муҷаҳҳаз шудан ба анвои шиноварҳои бумии ҷадид, иборат аз шиноварҳои сатҳӣ ва зерсатҳӣ, ба қудрати дарёии бузурге дар ҳавзаи халиҷи Форс ва шимоли уқёнуси Ҳинд табдил шудааст.

Амири дарёдор Ҳамзаалии Ковиёнӣ, ҷонишини фармондеҳи Неруи дарёии артиши Ҷумҳурии исломии Эрон афзуд: Қудрати размии Неруи дарёии артиш, иборат аз сатҳӣ, зерсатҳӣ, ҳаводарё, мушакӣ, ягонҳои вижа ва таковар дар сатҳи фавқулода болост.

Ҷонишини фармондеҳи Неруи дарёии артиши Ҷумҳурии исломии Эрон бо таъкид бар дифоъ аз манофеи миллӣ бо такя бар тавони бисёр болои кишвар дар ҳавзаи дарёӣ, аз Неруи дарёии артиш ба унвони як неруи муқтадир ситоиш кард ва гуфт: Ҳамаи тавони қудрату иқдомоти Неруи дарёии артиш мумтоз ва вижа аст.

 

Барчасп