Дидори Амирабдуллоҳиён ва раисиҷумҳури Сурия
(last modified Sat, 14 Jan 2023 14:46:07 GMT )
Январ 14, 2023 19:46 Asia/Dushanbe
  • Дидори Амирабдуллоҳиён ва раисиҷумҳури Сурия

Вазири умури хориҷаи Эрон ва раисиҷумҳури Сурия имрӯз (шанбе) дар Димишқ дидору гуфтугӯ карданд.

Ҷумҳурии Исломии Эрон бо Сурия ҳамкории роҳбурдӣ дораду ҳимояти Теҳрон аз давлати қонунии ин кишвар дар тӯли буҳрони Сурия ва кумак ба давлати Асад дар фароянди мубориза бо гуруҳҳои мухталифи террористӣ, таъйидкунандаи ин амр аст.

Равобит байни Сурия ва Эрон баъд аз шикасти ДИИШ, акнӯн густарда ва мутанаввеъ шудааст ва чашмандозҳои равшане барои тавсеаи ин равобит дар ҳамаи заминаҳо вуҷӯд дорад.

Ҳусайн Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Эрон ва Башор Асад, раисиҷумҳури Сурия дар ин дидор дар бораи масоили мавриди алоқа табодули назар карданд.

Вазири умури хориҷаи Эрон имрӯз (шанбе) аз Лубнон озими Сурия шуд.

Ҳусайн Амирабдуллоҳиён ба даъвати ҳамтои лубнонӣ панҷшанбешаб вориди Бейрут шуд ва рӯзи ҷумъа бо мақомоти лубнонӣ, аз ҷумлаи нахуствазир, вазири хориҷа ва раиси маҷлису дабири кулли Ҳизбуллоҳ дидору гуфтугу кард.