Сафири Эрон: Шӯрои амният фаврӣ ва қотеъона барои ҳимоят аз фаластиниён иқдом кунад
(last modified 2023-01-19T07:50:54+00:00 )
Январ 19, 2023 12:50 Asia/Dushanbe
  • Сафири Эрон: Шӯрои амният фаврӣ ва қотеъона барои ҳимоят аз фаластиниён иқдом кунад

Намояндаи доими Эрон дар СММ гуфт, Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид бояд, фаврӣ ва қотеъона барои ҳимоят аз мардуми Фаластин иқдом кунад, ҳамдардӣ ба танҳоӣ, кофӣ нест.

Амирсаиди Иравонӣ, сафиру намояндаи доими Эрон дар Созмони милал дар нишасти Шӯрои амният дар бораи Фаластин афзуд, соли гузашта соле маргбор дар арозии ишғолии Фаластин буд, зеро иқдомоти золимона, тавсеаталабона ва нажодпарастии режими Исроил алайҳи фаластиниён бевақфа идома ёфт.

Дипломати аршади Ҷумҳурии Исломии Эрон тасреҳ кард, мардуми Фаластин, бавижа занону кӯдакон, дучори маҳрӯмияти шадиду нақзи ҳуқуқи асосии худ шудаанд ва Борикаи Ғазза ба далели муҳосираҳои ғайриинсонӣ ба бузургтарин зиндони рӯбози ҷаҳон табдил шудааст.

Сафири Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид ҳамчунин таҳоҷуми ахири режими Исроил ба Масҷидулақсо дар 3 январро нақзи ҳурмат ва маросими ибодии Масҷидулақсо ва таҳрики вақеҳонаи эҳсосоти мусулмонон донист, ки агар ба дурустӣ бо он бархӯрд нашавад, сулҳ ва амнияти минтақаӣ ва байналмилалиро ба хатар меандозад.

Иравонӣ таъкид кард, режими Исроил беш аз 70 сол аст, ки бидуни посухгӯӣ ё мувоҷиҳа бо авоқибе муртакиби ҷиноят мешавад дар ҳоле, ки мунозиа дар арозии ишғолии Фаластин фақат дар сӯрате қобили ҳал аст, ки ба ишғол поён дода шавад ва ҳуқуқи мусаллами мардуми Фаластин дар таъйини сарнавишт ба таври комил ба расмият шинохта, ҳимоят ва муҳофизат шавад.

 

Барчасп