Ҷузъиёти истирдоди саршабакаи дӯздони Сандӯқи амоноти Бонки миллӣ аз кишвари Туркия
(last modified Thu, 19 Jan 2023 08:29:52 GMT )
Январ 19, 2023 13:29 Asia/Dushanbe
  • Ҷузъиёти истирдоди саршабакаи дӯздони Сандӯқи амоноти Бонки миллӣ аз кишвари Туркия

Ду нафар аз муттаҳамони аслии бузургтарин дӯздии қарни Эрон бо талоши полис ба кишвар баргардонда шуданд.

Полиси ду нафар аз муттаҳамин аслии дӯздӣ аз Сандӯқи амоноти яке аз шуъаби Бонки Миллии Теҳрон, ки баъд аз иртикоби ҷурм ба хориҷ аз кишвари мутаворӣ шуда будандро бо иқдомоти фаннии полисӣ дар яке аз кишварҳо шиносоӣ кард, ки баъд аз анҷоми иқдомоти қазоӣ дар он кишвар боздошт ва тайи як фароянди полисӣ - қазоӣ - дипломасӣ, ба кишвар истирдод шуданд.

Сардор Ҳодии Шерзод, раиси Полиси байналмилали ФАРОҶО низ зимни эъломи истирдоди сориқони Сандӯқи амоноти Бонки миллии хиёбони Донишгоҳи Теҳрон аз кишвари Туркия дар ташреҳи ҷузъиёти ин хабар изҳор кард, дӯздони ҳирфаӣ, ки дар таътилоти нимаи хурдодмоҳи соли ҷорӣ вориди Бонки миллии шуъбаи донишгоҳ дар пойтахт шуда ва пас аз тахриби теъдоде аз Сандӯқи амонот, муҳтавиёти ононро ба сирқат барда буданд, шаби гузашта ба кишвар оварда шуданд.

Вай бо ишора ба судӯри эълони қирмизи муттаҳамон дар камтарин замон афзуд, бо ҳамкории хуби қувваи қазоия ва вазорати умӯри хориҷа ва бо истифода аз зарфиятҳои мавҷӯд дар бонкҳои иттилоотии Созмони Интерпол ва бо таҳқиқоти анҷом шуда мушаххас шуд, муттаҳамон дар кишвари Туркия иқомат доранд.

Сардор Ҳодии Шерзод тавзеҳ дод, дар пайи судӯри эълони қирмизи муттаҳамон ва эълон ба кишварҳои узви Интерпол системаи қазоии полисии он кишвар маҳдӯдиятҳои шадиде барои онон эҷод кард.

Ин мақоми интизомӣ бо ишора ба талоши маъмурони Полиси байналмилалии ФАРОҶО дар радёбии ин муттаҳамон ва ҳамчунин инъикоси таҳти таъқиб будани онон ба марзҳои вурӯдии кишвар хотирнишон кард, муттаҳамон бо ҳамкории полиси кишвари Туркия аз тариқи марзи ҳавоии фурудгоҳи имоми Хумайнӣ (раҳ.) ба кишвар баргардонда ва ҷиҳати расидагӣ ба парванда, таҳвили мароҷеи қазоӣ шуданд.