Январ 21, 2023 10:00 Asia/Dushanbe
  • Амирабдуллоҳиён : Сипоҳи посдорон пойтахтҳои аврупоиро аз шарри ҳамалоти ДИИШ наҷот дод

Ҳусайни Амирабдуллоҳиён-вазири умӯри хориҷаи Эрон дар гуфтугуи телефонӣ бо Тобиас Биллстрем-ҳамтои шветсиягии худ бо баёни ин ки аврупоиҳо қарздори муҷоҳидатҳои Сипоҳ дар масири мубориза бо тероризм ҳастанд, гуфт : Сипоҳи посдорон пойтахтҳои аврупоиро аз шарри ҳамалоти ДИИШ наҷот дод .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҳусайни Амирабдуллоҳиён дар ин гуфтугу зимни интиқоди шадид аз мавзеи ғайрисозандаи Порлумони Аврупо дар қиболи Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ибрози умедворӣ кард дар давраи раёсати Шветсия бар Иттиҳодияи Аврупо равобити Иттиҳодияи Аврупову Ҷумҳурии исломии Эрон дар масири созанда идома ёбад .
Вай иқдомоти мухарриби Порлумони Аврупо дар қиболи Сипоҳи посдорони инқилоби исломиро хилофи маншури Созмони Миллали Муттаҳид хонду афзуд : Сипоҳи посдорон нақши созандае дар мубориза бо гуруҳи террористии ДИИШ дар Ироқ, Сурия ва минтақаи ғарби Осиё дошта ва бо нобудии ДИИШ  пойтахтҳои аврупоиро аз шарри ҳамалоти ин гуруҳи террористӣ наҷот дод .
Амирабдуллоҳиён бо ишора ба лузӯми густариши ройзанӣ байни Эрону Шветсия, тасреҳ кард : Набояд иҷоза дод равобити торихии ду кишвар тавассути бархе афроди бархӯрдор аз манофеи шахсӣ ва террористӣ таҳти таъсир қарор бигирад .
Вазири умӯри хориҷаи Шветсия низ дар ин гуфтугуи телефонӣ бар иҳтимоми кишвараш дар давраи раёсат бар Иттиҳодияи Аврупо барои густариши гуфтугуҳои байни Иттиҳодияи Аврупо ва Эрон таъкид кард .
Тобиас Биллстрем дар ин гуфтугу дар бораи тарҳи пешниҳодии ахири Порлумони Аврупо алайҳи Сипоҳи посдорон гуфт : Ин қатънома ғайриилзомовар аст .
Вазири хориҷаи Шветсия ҳамчунин бо ишора ба аҳамияти ройзаниҳои консулии байни ду кишвар ибрози умедворӣ кард, ки ҳамкориҳо дар ин ҳавза низ тадовум ёбад .
Дар ин гуфтугуи телефонӣ дигар мавзӯъот аз ҷумла таҳаввулоти Украина мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт .
Намояндагони Порлумони Аврупо, 18 январ ( 28 дай ) ба тарҳи пешниҳодӣ барои шиносоии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар феҳристи гуруҳҳои террористии Иттиҳодияи Аврупо раъйи мусбат доданд .
Тасмимоти Порлумони Аврупо пешниҳодӣ маҳсуб шуда ва дар ҳукми дархост ҳастанд.

Бештар бихонед :

 

Барчасп