Рушди 52 дарсадии транзити коло аз Гумрукоти Хуросони разавӣ
(last modified Sat, 21 Jan 2023 10:26:18 GMT )
Январ 21, 2023 15:26 Asia/Dushanbe
  • Рушди 52 дарсадии транзити коло аз Гумрукоти Хуросони разавӣ

Нозири Гумрукоти Хуросони разавӣ аз рушди 52 дарсадии транзити колои ин устон дар 9 моҳи гузаштаи имсоли 1401 хабар дод .

Ҷаводи Ҷаъфарӣ дар бораи вазъияти транзит аз ин устон афзуд : Бо вуҷуди борандагӣ ва номусоид будани ҳаво таи ҳафтаи гузашта, хушбахтона дар баҳси вуруду хурӯҷи колоҳо дар марзҳои устон мушкилӣ эҷод нашуд ва фақат дар гумруки Исломқалъа мушкилоте вуҷуд дошт, ки марбут ба кишвари Афғонистон буд .
Нозири гумрукоти Хуросони разавӣ тасреҳ кард : Дар ҳоли ҳозир се паркинги гумруки марзи Дуғорун холӣ аст ва ҳеҷ мошине дар ин се паркинг таваққуф надорад, аммо дар гумруки Исломқалъа ки он ҳам марбут ба кишвари Афғонистон мешавад баъзан мушкилоти фаннӣ вуҷуд доштааст .
Ҷаъфарӣ бо ишора ба мушкилоти транзит дар гумрукоти устони Хуросони разавӣ ва иқдомоти суратгирифта дар ин замина афзуд : Дар ҳоли ҳозир дар баҳси ташрифоти гумрукӣ дар марзи Дуғорун ҳеҷ мушкиле вуҷуд надорад ва воридоту содироти колоҳо низ тибқи риволи оддӣ анҷом мешавад .
Нозири гумрукоти Хуросони разавӣ гуфт : Дар гузашта мизони тараддуд дар марзи Дуғорун рӯзона ҳудуди 300 комиюн(мошини боркаш) буд, аммо дар ҳоли ҳозир ҳудуди 700 комиюн ба марз вуруд ва хурӯҷ дорад, ки ин афзоиши вуруду хурӯҷҳо ба воситаи ҳамоҳангиҳои суратгирифта миёни созмонҳо аст .
Устони Хуросони разавӣ бо вусъати 394 ҳазору 611 километри мураббаъ, панҷумин устони паҳновари Эрон аст, ки бо Туркманистону Афғонистон марзи муштарак дорад .

Бештар бихонед :