Афзоиши содироти бахши маъдан ва саноати маъдании Эрон ба беш аз 9 миллиар доллар
(last modified 2023-01-22T06:09:45+00:00 )
Январ 22, 2023 11:09 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши содироти бахши маъдан ва саноати маъдании Эрон ба беш аз 9 миллиар доллар
    Афзоиши содироти бахши маъдан ва саноати маъдании Эрон ба беш аз 9 миллиар доллар

Арзиши содироти бахши маъдан ва саноати маъдании Эрон ба беш аз 9 миллиар доллар расид.

Ширкатҳои бахши маъдан ва саноати маъдании Эрон аз 21 марти соли 2022 то 21 декабри соли 2022, 35 миллиару 544 ҳазору 900 тонна анвоъи маҳсулоти маъдан ва саноати амаъдани ба арзиши 9 миллиарду 98 миллиону 500 ҳазор доллар содир карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон бо вуҷуди коҳиши нархҳои ҷаҳони, маҳсулоти бахши маъдан ва саноати маъдании мизони содироти Эрон дар ин бахш дар муқоиса бо рақами муддати мушобеҳи соли гузашта аз назари вазни 5 дарсад афзоиш ёфта аст.

Бештари содироти Эрон марбут ба занҷираи фулод ва маҳсулоти фулоди саноати болодасти ва поёндасти ба арзиши 4 миллиарду 883 миллиону 600 ҳазор доллар буд ва рутбаи 2 ба занҷираи мис ва маҳсулоти поёндасти ба мизони 1 миллиарду 118 миллиону 200 ҳазор доллар ва рутбаи 3 содирот ба занҷиари алюминум ва маҳсулоти поёндасти ба арзиши 854 миллиону 300 ҳазор доллар ихтисос ёфт.