Даргузашти Мирзо Муллоаҳмад - донишманди номии тоҷик
Мирзо Муллоаҳмад, донишманди саршиноси тоҷик, доктори илмҳои фалсафа, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар синни 75 солагӣ даргузашт.
Ба гузориши "Форс", Мирзо Муллоаҳмад, донишманди саршиноси тоҷик, доктори илми фалсафа ва узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон дар синни 75 солагӣ дагузашт.
Маросими ҷанозаи ин донишманди фарҳехтаи тоҷик зуҳри имрӯз дар муқобили манзилаш дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.
Муҳаммадтақии Собирӣ, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон дар пайи даргузашти ин донишманди номӣ паёмеро мунташир кард, ки дар он омадааст: "Хабари даргузашти нависанда, адиб, пажуҳишгар, эроншинос ва эрондӯсти номошнои тоҷик марҳум Мирзо Муллоаҳмад боиси таассуф ва таассури инҷониб шуд.
Эшон дар тӯли умри босамари хеш беш аз 450 асар ва ёдгории арзишманди илмиву адабӣ дар бахши адабиёти форсӣ ва эроншиносӣ аз худ барҷой гузошт, ки теъдоде аз онҳо дар Ҷумуҳрии Исломии Эрон низ мунташир шуд ва дар тӯли ин солҳо ҷоизаҳои зиёдеро ба поси талоши худ аз ҷашнвораҳои илмӣ ва пажуҳишии Ҷумҳурии Исломии Эрон аз они худ кардааст, ки охирини он дар соли 2021 ба унвони баргузидаи дувоздаҳумин ҷашнвораи байналмилалии Форобӣ дар Ҷумҳурии Исломии Эрон муаррифӣ шуд.
Баргардондани тарҷумаи Қуръон ба хати сирилик аз дигар хидматҳои арзишманди эшон маҳсуб мешавад.
Марҳум Мирзо Муллоаҳмад ба унвони узви пайвастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон ва Иттифоқи нависандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2002 раёсати Анҷумани дустии Тоҷикистон ва Эронро низ бар уҳда гирифта ва бидуни тардид нақши мумтозеро дар пайванди ногусастании Тоҷикистон ва Эрон ифо кард.
Бешак бо даргузашти эшон ҷомеаи илмӣ, адабӣ ва фарҳангии Тоҷикистон яке аз шахсиятҳои худро аз даст дод.
Зимни арзи таслият ба бозмондагон, миллат ва кишвари дӯст, ҳамфарҳанг ва ҳамзабони Тоҷикистон, аз даргоҳи Худованди бузург барои он марҳум оромиши абадӣ ва барои бозмондагони муҳатарам сабру шикебоӣ орзу менамоям".
Мирзо Муллоаҳмад аз донишмандони машҳури тоҷик буд. Вай беш аз 400 асари илмӣ ва умумӣ навишт, маҷмуаҳои вай шомили ҳудуди 200 мақола, 12 такнигорӣ ба эроншиносӣ аст, ба вижа беш 30 асар ва мақола аз вай дар Эрон мунташир шудааст.
Марҳум Мирзо Муллоаҳмад дар таърихи 20 феврали соли 1948 дар рустои Дардари ноҳияи Айнӣ, воқеъ дар вилояти Суғди Тоҷикистон ба дунё омад ва соли 1969 давраи донишкадаи забон ва адабиёти Донишгоҳи Миллии Тоҷикистонро ба поён расонд ва вориди Академияи улуми Тоҷикистон шуд.
Вай фаъолияти илмии худро дар Пажуҳишгоҳи шарқи Осиёи Академияи улум шуруъ ва солҳо ба унвони сарпарасти шуъбаи адабиёти Эрон ва Афғонистон кор кард.
Сипас сарпарасти шуъбаи эроншиносӣ ва ҳиндшиносӣ ва муовинати илмии раёсати пажуҳишгоҳи мазбурро бар уҳда гирифт ва баъд аз барҳам хурдани пажуҳишгоҳ дар соли 1993 дар пажуҳишгоҳи забон ва адабиёти Рудакии Академияи улуми Тоҷикистон анҷоми вазифа кард.
Вай аз соли 2000 то 2004 раёсати шуъбаи имлии ин пажуҳишгоҳ ва аз соли 2005 ба унвони муовини дабири аршади илмии Академияи улуми Тоҷикистон фаъолият мекард.