Январ 26, 2023 14:48 Asia/Dushanbe
  • Эрон ҳам чунин собит кардааст, ки дар муқобили иқдомоти таҳримҳои ғайри созандаи тарафҳои ғарбӣ, вокуниши мутақобил ва муносиб нишон хоҳад
    Эрон ҳам чунин собит кардааст, ки дар муқобили иқдомоти таҳримҳои ғайри созандаи тарафҳои ғарбӣ, вокуниши мутақобил ва муносиб нишон хоҳад

Ҷумҳӯрии Исломии Эрон дар посӯх ба таҳримҳои ахири Иттиҳодияи Аврупо феҳристи тозае аз ашхос ва ниҳодхои аврупоӣ таҳти таҳрими Ҷумҳӯрии Исломиро мунташир кард.

Дар ин феҳристе,  ки рӯзи чаҳоршанбе аз сӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон мунташир шуд, номи 3 ниҳод ва ширкат ба ҳамороҳи  22 фард масъул дар кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо дар канори як ниҳод ва 8 шахси масъулӣ ва ё дороӣ собиқаи масъулият дар Британия гунҷонда шудааст. Дар ин феҳрест ба далели ҳимоят аз терроризм ва гурӯҳҳои террористӣ, таҳрик ва ташвиқ ба иқдомоти террористӣ ва хушунат алайҳи мардуми Эрон, дахолат дар умури дохилии Ҷумҳӯриии Исломии Эрон, тарвиҷи хушунат ва ноороми дар Эрон, нашри козиби иттилооти ғаллат дар мавриди Эрон ва низ мушроиикат дар ташдиди таҳримҳои золимона алайҳи мардуми Эрон, ки ба масобеи терроризми иқтисодӣ мебошад таҳти таҳрим қарор гирифтаанд.

Ин иқдоми Эрон посӯхе ба иқдомҳои таҳримии ахири Иттиҳодия Аврупо ва Британия алайҳи бархе аз намояндагони Маҷлис, масъулони фазоӣ, низомӣ, интизомӣ ва фарҳангии Эрон аст.

Иттиҳодия Аврупо рӯзи душанбе аз тасвиби чаҳорӯмин бастаи таҳрими алайҳи Эрон, ба баҳонаи масъалаи ҳуқуқи башари дар Шӯрои вазирони умури хориҷаи ин Иттиҳодия хабар дод: Таҳримҳои ҷадиде, ки бо эъмоли онҳо феҳристи таҳримҳои Иттиҳодия Аврупо алайҳи Эрон ба баҳонаи масоъили  ҳуқуқи башарӣ ба 173 шахсият ва 31 ниҳод афзоиш ёфтааст.

Тарафҳои ғарбӣ аз ҷумла аврупоиҳо пас аз он, ки дар тарҳҳои сиёсӣ ва таблиғотии  худ барои густаришии хушунат ва ошуб дар Эрон ноком монданд акунун сайъ мекунанд бо афзоиши таҳримҳои иқтисодӣ, ҳамаи фишорҳо бар давлати Эронро ташддид ва заминаро барои тадовуми ошӯбҳо фароҳам кунанд.

Ин дар ҳоле аст, ки аз назари Ҷумҳӯрии Исломии Эрон, иқдомоти ғайри созандаи ғарбиҳо дар эъмоли таҳримҳо ва мудохила дар умури дохилии  Ҷумҳӯррии Ислорми  Эрон, абзори нахнамо ва бе асар аст,  ки наметавонад Эронро таслими зиёдахоҳии ғарбиҳо кунад. Эрон аз замони пирӯзии Инқилоби Исломӣ таҳти таҳримҳ буда ва аз соли 2018 ки давлати Доналд Трамп раисиҷумҳӯри пешини Амрико аз БарҶом хориҷ шуд, таҳримҳои ҳаддиаксари низ бар Эрон эъмол шудааст аммо Ҷумҳӯрии Исломии Эрон дар ҳамаи ин солҳо дар ҳеҷ як аз сиёсатҳои худ ақабнишини накардааст ва тарафҳои ғарбии таҳрим кунанда низ ба аҳдофи худ нарасидаанд.

Эрон ҳам чунин собит кардааст, ки дар муқобили иқдомоти таҳримҳои ғайри созандаи тарафҳои ғарбӣ, вокуниши мутақобил ва муносиб нишон хоҳад дод ва то кунун дар чанд навбат иқдом ба таҳримҳои мақомот, наҳодҳо ва ширкатҳшои амрикоӣ, аврупоӣ ва канадаӣ кардааст.

Ҳусайн Амирр Абдуллоҳиён вазирии умури хориҷаи  Ҷумҳурии Ислмои Эрон низ чаҳоршанбе дар гуфтугӯи телефонӣ бо ҳамтои фаронсавӣ зимни интиқод аз мавозеъ ва иқдомоти ғайри созандаи парлумони Аврупо тасреҳ кард: Сиёсати шикаст хурдаи таҳримҳои Трампро такрор накунед мо низ имрӯз феҳристи таҳримии ҷадид алайҳи Иттиҳодия Аврупо ва Англия, ки дар баргирандаи 34 мақом ва наҳоди аврупоӣ астро дар иқдоми мутақобил эълом кардем.

Бештар бихонед: