Январ 03, 2023 14:42 Asia/Dushanbe
  • Боқирии Канӣ : Эрон дар масири музокироти рафъи таҳримҳо бар мавозиъи худ таъкид дорад

Музокиракунандаи аршади Эрон гуфт : Ҷумҳурии исломии Эрон дар масири музокироти рафъи таҳримҳо бар мавозиъи мантиқии худ таъкид дорад .

Алӣ Боқирии Канӣ-музокиракунандаи аршади Эрон дар гуфтугуе бо ИРНА, дар бораи охирин вазъияти музокироти рафъи таҳримҳо гуфт : Музокироти як фароянд аст ва ин фароянд ҳамчунон идома дорад ва ҳеҷ гусасте дар масири музокирот ба вуҷуд наёмадааст .
Муовини сиёсии вазири умури хориҷаи Эрон тасреҳ кард : Пайвастагии музокирот ҳифз шудаву масоил ба таври ҷиддӣ дар ҳоли пайгирӣ аст .
Боқирии Канӣ афзуд : Ҷумҳурии исломии Эрон ҳамчунон бар мавозиъи мантиқии худ дар музокироти рафъи таҳримҳо таъкид доштаву мантиқи Ҷумҳурии исломии Эрони пазируфта шудааст .
Музокиракунандаи аршади Эрон таъкид кард : Мантиқи Ҷумҳурии исломии Эрон дар музокирот ин буда, ки таҳримҳои золимона ки тавассути Доналд Трамп- раиси Ҷумҳурии пешини Амрико таҳмил шудааст, бояд ба таври комил бардошта шавад .
Боқирии Канӣ афзуд : Мавонеъӣ ки бар сари роҳи манфиати иқтисодии Ҷумҳурии исломии Эрон вуҷуд дорад, бояд ба таври комил бардошта шавад .
Музокирот бо меҳварияти рафъи таҳримҳои золимонаву ғайриқонӯнии зидди Ҷумҳурии исломии Эрон ба далели ибтикороти тими музокиракунандаи Эрон пешрафтҳоеро таҷриба кард, аммо таъаллули тарафҳои ғарбӣ ба вижа давлати Ҷо Байден барои ҷуброни иқдомоти ғайриқонӯнии давлати пешини Амрико ва тадовуми корзори фишори ҳаддиаксарӣ мунҷар ба тардидҳое дар ҷиддияти ин кишвар барои бозгашт ба Барҷом ва тӯлонӣ шудани раванди гуфтугуҳо шудааст .

Бештар бихонед :

 

Барчасп