Феврал 04, 2023 18:02 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари муаззами Инқилоб: Навгулони азиз коре кунед ҷузви занони бузурги кишвар шавед+akc

Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ дар маросими маънавӣ ва пуртаровати «ҷашни фариштаҳо» бо ҳузури донишомӯзони духтар таъкид карданд: Навгулони азиз бо Худо дӯст бошед ва коре кунед, ҷузви занони бузурги кишвар шавед.

Дар шаби вилодати ҳазрати Алӣ (а) маросими маънавӣ ва пуртаровати «ҷашни фариштаҳо» бо ҳузури садҳо тан аз духтарони донишомӯзе, ки ба сини таклиф расидаанд, бо иқомаи намози ҷамоати мағрибу ишо ба имомати Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ дар ҳусайняи имом Хумайнӣ (раҳ.) баргузор шуд.

Дар ин маросим, ки дар фазое рӯҳбахш ва бо нишот баргузор шуд, донишомӯзони духтар, оғози фасли ибодату бандагии худро ҷашн гирифтанд.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии дафтари мақоми муаззами раҳбарӣ, Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ дар суханони кӯтоҳе бо табрики иду ҷашни таклиф ба духтарон, гуфтанд: Духтарон ва навгулони азизи ман, ҷашни ткалиф як ҷашн ва иди воқеӣ аст, чун аз лаҳзаи таклиф ин қобилиятро пайдо кардаед, ки Худо бо шумо ҳарф бизанад ва ба шумо таклифе бидиҳад, ки онро анҷом диҳед ва ин рутба яъне «мухотаби Худо шудан», рутбае бисёр бо арзиш дар инсоният аст.

Эшон хитоб ба духтарон афзуданд: Ҷашни таклиф, яъне шумо дигар кӯдак нестед, балки навҷавон ва масъулиятпазиред ва метавонед дар хонавода, мадриса ва муҳити бозӣ бо дӯстони худ асаргузор бошед ва дигаронро низ ба роҳи рост ҳидоят ва роҳнамоӣ кунед, ки ин масъулият бар ӯҳдаи ҳамаи мо аст.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, духтарони навҷавонро ба дӯст шудан бо Худованди меҳрубон тавсия карданд ва гуфтанд: Шумо бо дилҳои нӯронӣ, равшан ва бо сафои худ аз ҳамин имрӯз метавонед бо Худо дӯст шавед.

Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ ҳамчунин таъкид карданд: Яке аз роҳҳои дӯстӣ бо Худо ин аст, ки дар намоз таваҷҷуҳ дошта бошед, ки дар ҳоли сухан гуфтан бо Худо ҳастед, бинобар ин, маъонӣ ва тарҷумаи калимоти намозро фаробигиред, роҳи дигари дӯстӣ бо Худованд ҳам ин аст, ки корҳоеро, ки гуфта анҷом бидиҳед, анҷом диҳеду ончиро наҳй карда, анҷом надиҳед.

Эшон бо ишора ба дурахшиши занони бузургу таъсиргузор дар таърихи Эрони азиз, хотирнишон карданд: Имрӯз занони барҷаста ва масъулиятпазири мо дар бахшҳои илмӣ, амалӣ ва ҷиҳодӣ, ки мояи ифтихори кишвар ҳастанд, зиёд ва беш аз гузашта ҳастанд, шумо низ саъй кунед бо дарсу китоб хондан ва кору фикр кардан, дар оянда ҷузви занони бузурги кишвари азизатон шавед.

Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ, хитоб ба навгулони тозаи мукаллаф шуда афзуданд: Шумо метавонед дар ин муборизаи азиме, ки миллати Эрон дар даврони инқилоб бо зулм, бадбахтӣ ва табъиз оғоз кардааст, нақшофарин бошед ҳамчинонке қаблан низ занони зиёде нақшофаринӣ карданд ва имрӯз мардум бо мутолиаи корҳои бузурги онҳо дар китобҳо аз заҳамоти барҷастаи онҳо дар тӯли солҳои инқилоб огоҳ мешаванд.

Дар поёни ин маросим, теъдоде аз духтарони навҷавон дар фазои самимона бо Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ, гуфтугу карданд ва мавриди тафаққуди эшон қарор гирифтанд.

 

Барчасп