Паёми тақдири Федератсияи футболи Эрон аз сармураббии португалӣ
Федератсияи футболи Эрон бо интишори паёме аз заҳамоти Карлос Кейруш, сармураббии португалӣ дар замони ҳузур дар тими миллии футбол тақдир кард.
Ҳафтаи гузашта буд, ки Карлос Кейруш бо интишори паёме аз тими миллии футболи Эрон Худо ҳофизӣ кард ва гуфта мешавад, ӯ дар остонаи имзои қарордоди расмӣ бо тими миллии Қатар қарор дорад.
Ба гузориши ИРНА, пас аз қатъӣ шудани ҷудоии Кейруш, Федератсияи футболи Эрон дар паёме навишт, футбол дар канори халқи рӯзҳои шоду ғамангез, арсаи фарозҳо ва нашебҳо ва омаданҳо ва рафтанҳост, аммо ончӣ дар канори хотироти талху ширин, дар зиҳнҳо ва ёдҳо барои ҳамеша боқӣ мемонад, тайи ин масир дар бистари фарҳанги қадршиносӣ, эҳтиром ва риояти усӯли ахлоқӣ аст.