Дабири ситоди ҳуқуи башари Эрон: Авфи муттаҳамон, ибтикори бе собиқааст
(last modified Mon, 06 Feb 2023 06:58:28 GMT )
Феврал 06, 2023 11:58 Asia/Dushanbe
  • Дабири ситоди ҳуқуи башари Эрон: Авфи муттаҳамон, ибтикори бе собиқааст
    Дабири ситоди ҳуқуи башари Эрон: Авфи муттаҳамон, ибтикори бе собиқааст

Дабири ситодли ҳуқуқи башари Эрон, авфи муттаҳамонро бе собиқа донист ва гуфт: Ин иқдоми инсонӣ ва исломӣ, гоми баланд дар ҳавзаи ҳуқуқи башар ва нишонаи мардумӣ будан ва меҳрабонии низоми Эрон аст.

Козим Ғарибободӣ муъовини умури байналмиллалии Қуваи қазоия ва Дабири ситоди ҳуқуқи башари Эрон тасреҳ кард: Бо мувофиқати Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо пешниҳоди авфи Қуваи қазоия, даҳҳо ҳазор нафар, ба вижа муттаҳамон ва маҳкумони ҳаводиси ахир мавриди авф қарор мегирнад ва парвандаи қазоии онон дар  ҳар марҳилае, ки бошад махтума мешавад.

Ба муносибати фарорасидани чиҳилучаҳорумин солрӯзи пирӯзии Инқилоби Исломӣ, ҳазарати Оятуллоҳ Хоманаӣ Раҳбари муаззами инқилоби исломии Эрон бо авф ва тахфифи муҷозоти бисёре аз муттаҳамон ва маҳкумони иғтишошоти ахир мувофиқат карданд.

Бештар бихонед:

Барчасп