Май 01, 2022 10:25 Asia/Dushanbe
  • Рӯзи душанбе дар бархе кишварҳои исломӣ аз ҷумла Эрон аввали моҳи шавол ва Рӯзи иди саиди Фитр хоҳад буд
    Рӯзи душанбе дар бархе кишварҳои исломӣ аз ҷумла Эрон аввали моҳи шавол ва Рӯзи иди саиди Фитр хоҳад буд

Раҳбари муаззами инқилоби исломи бо авф ё тахфифи муҷозоти 1542 тан аз маҳкумон ба муносибати иди саиди Фитр мувофиқат карданд.

Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз пойгоҳи иттилоъ расонии дафтари ҳифз ва нашри  осори ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, ба муносибати иди саиди Фитр , Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо авф ё тахфифи муҷозоти 1542 тан аз маҳкумони муҳокими умумӣ ва инқилоб, Созмони таъзироти ҳукумати ва Созмони қазоии нерӯҳои мусаллаҳи Эрон мувофиқат карданд.

Ҳуҷҷатулислом валмуслимин Ғуломҳусайн Муҳсени Ижаӣ  раиси қувваи қазоияи Эрон ба муносибати иди саиди Фитр дар барноме ба Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ пешниҳоди авф ё тахфиф ва табдили муҷозоти ин маҳкумонро, ки комисиюни авф ва бахшудагии воҷиди шароит лозим ташхис дода шудаанд., ироа кард, ки ин пешниҳод дар иҷрои банди 11 асли 110 қонуни асосии мавриди мувофиқати ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ қарор гирифт.

Рӯзи душанбе дар бархе кишварҳои исломӣ аз ҷумла Эрон аввали моҳи шавол ва Рӯзи иди саиди Фитр хоҳад буд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп