Июл 17, 2022 17:12 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо авф ё тахфифи муҷозоти теъдоде аз маҳкумаон мувофиқат карданд
    Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо авф ё тахфифи муҷозоти теъдоде аз маҳкумаон мувофиқат карданд

Раҳбари инқилоби исломӣ ба муносибати фарорасидани идҳои саиди Қурбон ва Ғадири Хум бо авф ё тахфифи муҷозоти теъдоде аз маҳкумони маҳокими умумӣ ва инқилоб, созмони қазоӣ ва нерӯҳои мусаллаҳ ва таъзироти ҳукумати мувофиқат карданд.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ, ҳуҷҷатулислом вал муслимин Ғуломҳусейни Муҳсини Эжаӣ, раиси Қувваи қазоияи Эрон дар номае ба ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ пешниҳоди авф ё тахфиф ва табдили муҷозоти  2272 нафар аз маҳкумонро, ки парвандаҳои авфи онҳо дар комисиони авф ва бахшудагӣ барраси шуд ва воҷиди шароити лозим ташхис дода шуданд ироа кард, ки ин пешниҳод дар иҷрои банди 11 асли 110 қонуни асосӣ мавриди қабули Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ қарор гирифт.

Фардо душанбе 18 зилҳаҷҷаи соли 1443 ҳиҷрии қамарӣ баробар бо 18 июли соли 2022 рӯзи иди саиди Ғадири Хум, иди бузурги мусалмонон аст.

Ғадири Хум, номи минтақае байни Макка ва Мадина аст, ки ҳазрати Муҳаммад(с) Паёмбари Ислом дар ҳаҷҷатулвидоъ Имом Алӣ(а) Имоми аввали шиаёни ҷаҳонро ҷонишини пас аз худ эълом карданд.

 

Барчасп