Феврал 07, 2023 20:58 Asia/Dushanbe
  • Пирузии Эрон муқобили Австралия дар Ҷоми Ҷаҳонии ҳаке
    Пирузии Эрон муқобили Австралия дар Ҷоми Ҷаҳонии ҳаке

Тими миллии ҳакеи дохили салони Эрон дар рақобатҳои Ҷоми Ҷаҳонии 2023 муқобили Австралия ба пирузи даст ёфт.

Ба гузориши ИРНА, тими ҳаке Эрон дар севумин руз аз рақобатҳои Ҷоми Ҷаҳонии ҳакеи дохили салон ба мизбонии шаҳри Претория Африқои ҷануби, Австралияро бо натиҷаи 6 бар 4 шикаст дод.

Дар ин давр аз рақобатҳои Ҷоми Ҷаҳонии 2023 тими миллии ҳаке Эрон дар гоми нахуст муқобили Аргентина 5 бар 4 мағлуб шуд, аммо дар бозии дувум худро баробари Амрико бо натиҷаи 8 бар 3 пируз шуд.

Тими миллии Эрон дар ду дидори боқимондаи худ дар гуруҳи дувум ба масофи Африқои Ҷануби ва Ҷумҳурии Чехия хоҳад рафт.

Рақобатҳои Ҷоми Ҷаҳонии ҳакеи дохили салон дар 2 гуруҳи 6 тими баргузор мешавад ва 4 тими бартари ҳар гуруҳ ба марҳалаи якчаҳоруми ниҳоӣ меравад.

Барчасп