Боздиди Сардор Қоонӣ аз манотиқи залзилазадаи шаҳри Ҳалаб
Фармондеҳи нерӯи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ асри чаҳоршанбе барои назорат бар имдодрасонӣ ба мардуми Сурия вориди шаҳри Ҳалаб дар шимолу ғарби Сурия шуд.
Зилзилаи 7.8 риштарӣ бомдоди душанбе шимолу ғарби Сурияро ларзонд ва муҷиби хисоратҳои зиёд дар ин минтақа шудааст. Шумори қурбониёни ин зилзила то кунун ду ҳазору 370 нафар кӯшта эълом шудааст.
Ба гузориши Садои Хуросон, Сардор Исмоили Қоонӣ дар боздид аз манотиқи осебдидаи шаҳри Ҳалаб ҳам чунин бар кори имдодгарони эронии ҳозир дар маҳали оворбардории манотиқи осеб дидаи Ҳалаб назорат кард.
Боздиди Сардор Қоонӣ аз манотиқи зилзилазадаи шаҳри Ҳалаб дар ҳоле аст, ки чаҳорумин ҳавопаймои ҳомили кумакҳои инсондӯстонаи Ҷумҳӯрии Исломии Эрон ба мардуми зилзилазадаи Сурия шомгоҳи чаҳоршанбе дар фурудгоҳи байналмиллалии Ҳалаб ба замин нишаст.
Бештар бихонед:
- Афзоиши талафоти заминларза: Паёмҳои таслиятии Раисӣ барои руасои Ҷумҳӯрии Туркия ва Сурия
-
Видео ; вуруди аввалин ҳавопаймои ҳомили кумакҳои башардӯстонаи Эрон ба фурудгоҳи Димишқ
-