Декабр 15, 2016 16:53 Asia/Dushanbe

Раисҷумҳури Эрон ҳама мусалмононро ба ваҳдату бародарӣ дар сояи таълимоти Паёмбар Ислом (с) фаро хонда гуфт, шиаву суннӣ бародар, пайрави Ислом ва сираи Паёмбари гиромии Ислом (с) ҳастанд.

Ҳасани Рӯҳонӣ рӯзи панҷшанбе дар ифтитоҳияи сиюмин давраи Конфронси байналамилалии “Ваҳдати исломӣ” дар Теҳрон ҳамчунин ҷиҳод дар Исломро ба маънои истодагӣ дар баробари зулм ва таҷовуз дониста таъкид кард: “Ҷиҳод дар Ислом ба маънои дифоъ аз азамати дину иззати мусалмон аст ва ба маънои куштани мусалмон ва ҷанги мусалмон дар баробари мусалмон нест”.

Раисҷумҳури Эрон ин мавзӯъро, ки бархе мусалмонон ба ҷойи кина аз режими мутаҷовизи саҳюнистӣ кинаи якдигарро ба дил гирифтаанд, фоҷеа хонда афзуд, масъули вайрон кардани Ҳалабу Мусил ва сар буридани ҷавонони мусалмон қудратҳои ғарбӣ ва сипас ҳомиёни минтақаии онон ҳастанд. Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба озодсозии Ҳалаби Сурия аз ишғоли террористҳо низ ишора карда гуфт, истифодаи абзории қудратҳо ва бархе давлатҳои диктатори минтақа аз терроризм бенатиҷа хоҳад монд.

Рӯҳонӣ бо баёни ин ки рӯзе шоҳиди бародарии ҳама кишварҳои исломӣ ва иттиҳоди ҷамъӣ дар баробари режими саҳюнистӣ хоҳем буд, таъкид кард, уммати воҳиди Ислом ҳангоме ташкил хоҳад шуд, ки ба ҷойи Амрико, Англия ва дигар қудратҳо ба Худованди мутаол такя кунад.

Сиюмин давраи Конфронси байналамилалии “Ваҳдати исломӣ” субҳи рӯзи панҷшанбе бо шиори “Ваҳдат ва зарурати муқобила бо гурӯҳҳои такфирӣ” дар Теҳрон оғоз ба кор кард. Ин конфронс муддати се рӯз идома хоҳад ёфт.

 

Барчасп