Ҳузури густардаи туллоби хориҷии муқими Қум дар роҳпаймоии 22 баҳман
(last modified Sun, 12 Feb 2023 13:59:09 GMT )
Феврал 12, 2023 18:59 Asia/Dushanbe
  • Ҳузури густардаи туллоби хориҷии муқими Қум дар роҳпаймоии 22 баҳман

Ҳузури туллоби хориҷӣ ва хориҷиҳои муқими Қум дар роҳпаймоии 22 баҳмани 1401, ҷашни солгарди пирӯзии Инқилоби исломиро нисбат ба шаҳрҳои дигари Эрон мутафовит кард.

Туллоби африқоӣ бавижаи туллоби кишвари Нигерия, туллоби кишварҳои арабӣ, аз ҷумла Ироқ, Баҳрайн, Яман ва ҳиҷозиҳо ва ҳамчунин афғонистониҳо ва ҷумҳурии Озарбойҷон ҳузури пурмаъное дар роҳпаймоии 44-умин солгарди пирӯзии Инқилоби исломӣ дар Қум доштанд.

Ба гузориши хабаргузории Эронпресс, хориҷиҳои муқими Қум илова бар ҳамроҳ доштани тасовири имоми Хумайнӣ (раҳ.), Раҳбари муаззами Инқилоби исломӣ ва парчами Ҷумҳурии исломии Эрон, аксҳои шахсиятҳои муҳиму таъсиргузори кишварҳои худро низ ҳамроҳашон доштанд.