Феврал 18, 2023 17:33 Asia/Dushanbe
  • Раисиҷумҳури Эрон: Таҳрим натавонист миллати Эронро мутаваққиф кунад

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон гуфт, душманон мехостанд бо таҳрим, миллати Эронро мутаваққиф кунанд, аммо миллату ҷавонони эронӣ, дучори кундӣ ва истоӣ нашуданд.

Саидиброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар гуфтугӯ бо шабакаи CGTN Чин, ки бахше аз он рӯзи шанбе мунташир шудааст, дар бораи таҳримҳои Амрико ва дигар кишварҳои ғарбии зидди Эрон гуфт, дар воқеъ ин ҳамон ҷанг аст, аммо абзори он иваз шудааст, дирӯз абзори низомӣ буд, имрӯз абзори таҳрим аст ва онҳо бисёр бераҳмона ин таҳримҳоро дунбол мекунанд.

Вай афзуд, душманони миллати Эрон ҳатто доруро, ки мавриди ниёзи беморон аст, таҳрим кардаанд, ҳатто барои беморони парвонаӣ, ки бачаҳо ба он мубтало ҳастанд ва барои хонаводаҳояшон бисёр заҷровар аст, доруҳои мавриди ниёзашонро таҳрим кардаанд.

Раисӣ таъкид кард, ҳамаи мардуми дунё хуб медонанд, ки таҳримҳо натиҷааш фишор овардан бар мардум аст, онҳо дар сухан инро эълом мекунанд, ки таҳримҳо ба хотири фишор овардан бар ҳукӯмати Эрон аст, аммо натиҷаи ин таҳримҳо дар зиндагии мардум аст.

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар посух ба суоле мабнӣ бар инки оё аз назари ӯ, тафовуте миёни давлати Ҷо Байден ва давлати Доналд Трамп дар заминаи сиёсатҳои таҳримӣ дар қиболи Эрон вуҷӯд дорад ё на, тасреҳ кард, ончӣ дар рафтори ҳокимони феълӣ мушоҳида мешавад, тафовуте бо рафтори ҳокимони қаблӣ надорад.

Баназар мерасад, ҳамчунон ки онҳо дунболи таҳрим буданд, инҳо ҳам дунбол таҳрим ҳастанд.

Раисӣ дар бораи раванди эҳёи тавофуқи ҳастаӣ ҳам гуфт, Эрон ба дунболи тавофуқи хуб аст, аммо онҳо чунин тавофуқеро дунбол намекунанд, ҳам аҳдшиканӣ карданд ва аз Барҷом хориҷ шуданд, ҳам мизи музокираро тарк карданд ва эълом карданд ба ҷои мизи музокира,мехоҳанд дар хиёбон ва бо эҷоди ошӯбу иғтишош аҳдофи зидди эрониро дунбол кунанд.

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон ба даъвати расмии раисиҷумҳури Чин сешанбе 14 феврал ба ин кишвар сафар ва бо раисиҷумҳурӣ  нахуствазир ва раиси Конгресси миллии халқии Чин дидор ва дар бораи густариши ҳамкориҳои дукишвар дар заминаи мухталиф гуфтугу ва табодули назар кард.

 

Барчасп