Мувофиқати Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо афв ва тахфифи муҷозоти ҷамъӣ аз маҳкумон
(last modified 2016-12-16T15:10:34+00:00 )
Декабр 16, 2016 20:10 Asia/Dushanbe
  • Мувофиқати Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо афв ва тахфифи муҷозоти ҷамъӣ аз маҳкумон

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар остонаи фаро расидани мелоди ҳазрати Муҳаммад (с) ва Имом Ҷаъфари Содиқ (а), бо афв ва тахфифи муҷозоти ҷамъӣ аз маҳкумон мувофиқат карданд.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии дафтари мақоми муаззами раҳбарӣ, дар остонаи фаро расидани мелоди ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) ва Имом Ҷаъфари Содиқ (а), набераи поки ҳазрати Расули акрам (с), Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо афв ва тахфифи муҷозоти як ҳазору дусадусивуяк нафар аз маҳкумони маҳкамаҳои умумӣ ва инқилоб, Созмони қазоии Нерӯҳои мусаллаҳ ва таъзироти ҳукуматӣ мувофиқат карданд.

Оятуллоҳ Омулии Лориҷонӣ, раиси Қувваи қазоияи Эрон тайи номае ба Раҳбари муаззами инқилоби исломии Эрон пешниҳоди афв ва тахфифи муҷозоти 1231 нафар аз маҳкумонро, ки дар камиссиюни марбут воҷиди шароити лозим ташхис дода шуда буданд, ироа кард, ки мувофиқати мақоми муаззами раҳбарӣ қарор гирифт.  

Барчасп