Март 06, 2023 12:05 Asia/Dushanbe

Оини суннатии пухти 20 тонн суманак дар остонаи Мелоди ҳазрати Маҳдӣ (аҷ) ва фарорасидани ҷашни Наврӯзи бостонӣ дар масҷиди ҳазарти Руқая (с) Шероз, марказӣ устони Форс, баргузор шуд.

Суманак дар забони шерозӣ " саманӣ" байён мешавад. Оини пухти суманак дар Шероз таърихӣ 17 сола дорад.

Ба гузориши   хабаргузории Эрон Пресс, суманак яке аз муҳимтарин маҳсулоти суфраи ҳафт сини ҷашни Нарӯз аст. Шерозиҳо аз чормағз ва бодом дар суманак истифода мекунанд ва онро намоди баракат дар соли ҷадид медонанд.

Image Caption

 

Пухти суманак, намоди баракати маҳсулоти кишоварзӣ аст ва навиди соли нав ва пурбаракат будани соли  зироъати ҷаддидро ба ҳамроҳ дорад.

Замони омодасозии маводи аввалия ҷавонаи гандӯм ва пухти комили суманак ҳафтоду ду соат замон ниёз аст.

Ин моддаи ғизоии муқавӣ ва мағзӣ,  бидуни  он, ки шакар ба он изофа шавад, ба иллати вуҷӯди ҷавонаи гандум, ширн аст. Ширкаткунандагон дар пухти суманак ҳамзамон бо ҳам задани он ҳоҷати худро аз Худованди Мутаъол талаб мекунанд.

Image Caption

 

Шероз. яке аз  мақсадҳои аслиии гардишгарӣ дар ҷануби Эрон аст. Шероз бо танавуъи ҷозибаҳои дидании фарҳангӣ, таърихӣ ва ҳунарӣ дар аёми Наврӯз мизбонӣ гардишгарони Наврӯзи аст.

Image Caption
Image Caption

 

Барчасп