Равобити дуҷониба, меҳвари дидори сафири Эрон ва нахзуствазири Ироқ
(last modified Mon, 13 Mar 2023 06:02:21 GMT )
Март 13, 2023 11:02 Asia/Dushanbe
  • Равобити дуҷониба, меҳвари дидори сафири Эрон ва нахзуствазири Ироқ
    Равобити дуҷониба, меҳвари дидори сафири Эрон ва нахзуствазири Ироқ

Сафири Ҷумҳӯрии Исломии Эрон дар Бағдод ва нахуствазири Ироқ роҳҳои густариши равоти дуҷониба ва рушди он дар ростои манофеъи ду миллатро баррасӣ карданд.

Ба гузориши Ирно,  Муҳаммад Шиа -Ал-Суданӣ нахуствазири Ироқ дар дидор бо Муҳаммадкозим Олисодиқ сафири Ҷумҳӯрии Исломии Эрон дар Бағдод бар мавзеъи  мутавозини Ироқ ва рӯйкарди доимии он дар гуфтугӯ барои таҳақуқи субот дар минтақа ва ҳимоят аз рушди пойдор барои ҳамаи миллатҳои  бародар ва дӯст дар масири пешрафт ва шукӯфои таъкид кард.

Муҳаммадкозим Олисодиқ сафири Эрон дар Бағдод низ дар ин дидор қадрдонии Теҳрон аз талошҳои Ироқ дар роҳи наздик кардани дидгоҳҳо ва тасҳили талошҳое, ки ба тафоҳуми ахир байни Арабистон ва Ҷумҳӯрии Исломии Эрон  мунҷар шуд, ба Ал-Суданӣ мунтақил кард.

Сафир Ҷумҳӯрии Исломии Эрон рӯзи якшанбе низ дар Кохи Бағдод бо  Абдул Латиф Рашид раисиҷумҳӯри Ироқ дидор ва гуфтугӯ кард.

Абдул Латиф Рашид зимни қадрдонӣ аз ин даъват, барои сафар ба Эрон дар аввалин фурсат эъломи омодагӣ кард.