-
Пизишкиён : Эрон ба ҳеҷ ваҷҳ хориҷ аз қонунҳои байналмилалӣ амал накардааст
Август 12, 2026 16:59Порс тудей - Раиси Ҷумҳурии Эрон дар гуфтугуи телефонӣ бо нахуствазири Ҷопон таъкид кард : Эрон ба ҳеҷ ваҷҳ хориҷ аз қонунҳои байналмилалӣ амал накарда ва ҳамвора барои беҳбуди равобит бо ҳамсоягон талош кардааст.
-
Як эронӣ дабири кулли вазнабардории Осиёи Миёна шуд
Август 12, 2026 16:06Порс тудей - Саҷҷоди Анӯшервонӣ-раиси Федерасиюни вазнабардории Эрон ба унвони дабири кулли вазнабардории Осиёи Миёна интихоб шуд.
-
Гуфтгуи Эрону Туркия дар бораи амнияти марзҳои муштарак
Август 12, 2026 15:25Порс тудей - Туркияву Эрон дар бораи тақвияти амнияти марзҳои муштарак ва мубориза бо қочоқу убӯри ғайриқонӯнӣ гуфтугу карданд.
-
Пизишкиён: Талоши Покистон барои тақвияти равобит бо Эрон арзишманд аст
Август 12, 2026 10:14Порс Тудей- Раисиҷумҳури Эрон дар дидори вазири кишвари Покистон бо ишора ба пайвандҳои фарҳангии ду кишвар гуфт: Ишқ ва алоқаи нахуствазир ва дигар мақомоти Покистон ба ҳамбастагӣ, тақвияти муносибот ва тавсеаи равобит бо Ҷумҳурии Исломии Эрон, барои Теҳрон бисёр арзишманд аст.
-
Сарлашкар Абдуллоҳӣ: Ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Эрон дар ҳимоят аз Сипоҳи посдорон омодагии комил ва ҳамаҷониба дорад
Август 11, 2026 20:00Порс Тудей - Раиси Ситоди кули неруҳои мусаллаҳи Эрон дар паёме зимни табрики интисоби сарлашкар Ваҳидӣ ба унвони фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ, бар омодагии комилу ҳамаҷонибаи ситод дар ҳимоят, ҳамроҳӣ ва пуштибонии роҳбурдӣ аз он ниҳоди инқилобӣ ва мардумӣ таъкид кард.
-
Интисоби шаш фармондеҳи олирутбаи низомӣ аз сӯи Раҳбари инқилоб
Август 11, 2026 10:13Порс Тудей - Раҳбари Инқилоби Исломӣ дар аҳкоме ҷудогона, шаш фармондеҳи олирутба дар Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳ, Сипоҳи посдорон ва Басиҷи мустазъафини Эронро мансуб фармуданд.
-
Бақоӣ: Ҳамалоти режими саҳюнистӣ зидди ҷануби Лубнон нақзи тамомияти сарзаминии ин кишвар аст
Август 11, 2026 11:49Порс Тудей- сухануги Вазорати умури хориҷаи Эрон ҳамалоти ваҳшиёнаи режими манҳуси саҳюнистиро тайи чанд рузи гузашта зидди манотиқи дар ҷануби Лубнон ба шиддат маҳкум кард.
-
Миршаймер: Мушакҳои баллистики Эрон ҳузури низомии Амрико дар минтақаро коҳиш хоҳад дод
Август 11, 2026 10:30Порс Тудей - Ҷон Миршаймер, назарияпардози барҷастаи равобити байналмилал ва устоди Донишгоҳи Чикаго дар изҳороте бо ишора ба короии болои мушакҳои баллистики Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҳамла ба пойгоҳҳо ва марокизи низомии Амрико, таъкид кард: Ҳамин мавзӯъ яке аз авомили аслии коҳиши ҳузури низомии Иёлоти Муттаҳида дар минтақаи ғарби Осиё хоҳад буд.
-
Бақоӣ: Режими саҳюнистӣ бузургтарин таҳдид алайҳи амнияти минтақа аст
Август 10, 2026 19:38Порс Тудей - Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон баён кард, режими саҳюнистӣ бузургтарин таҳдид алайҳи субот, амнияту ҳамкории кишварҳои минтақа аст.
-
Некзод : Душман ба назми нави минтақа тан диҳад
Август 10, 2026 20:26Порс тудей - Нойиби раиси Маҷлиси шӯрои исломии Эрон зимни таъкид бар инки қарор нест тангаи Ҳурмуз ба шароити қабл аз ҷанг бозгардад , гуфт : Имрӯз душмани амрикоӣ - саҳюнистӣ бо мушти маҳками неруҳои мусаллаҳи Эрон ба сурати амалӣ мутаваҷҷеҳ шудааст, ки бозгушоии тангаи Ҳурмуз ҳеҷ роҳи ҳалли низомӣ надорад ва бояд ба назми ҷадиди минтақа тан дар диҳад.