-
Ҳушдори қотеи Қароргоҳи марказии Хотамуланбиё (с): Зерсохт бизанед, ҳамаи зерсохтҳои боқимондаи минтақаро мезанем
Июл 16, 2026 15:09Порс Тудей- Сухангӯи Қароргоҳи марказии Хотамуланбиёи Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳушдор дод: Дар сурати амалӣ шудани таҳдиди ҳадаф қарор додани зерсохтҳои Эрон, ҳамаи он чизе, ки бино ба наҷобати Эрон ҳанӯз солим мондааст - яъне тамомии зерсохтҳо дар минтақа - зери зарбаҳои пӯлодини нерӯҳои мусаллаҳи муқтадири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҳам кӯбида хоҳад шуд.
-
Баргузории маросими бузургдошти Раҳбари шаҳиди Инқилоби исломӣ дар мусаллои Имом Хумайнӣ ( раҳ )-и Теҳрон
Июл 15, 2026 08:44Порс тудей - Маросими гиромидошти Раҳбари шаҳиди Инқилоби исломӣ бо ҳузури густардаву чашмгири ҳазорон нафар аз қишрҳои мухталифи мардум , фарзандони Раҳбари шаҳиди Инқилоб , сарони қувваҳо ва масъӯлони олирутбаи кишварӣ ва лашкарӣ дар мусаллои Имом Хумайнӣ баргузор шуд.
-
Намояндагони амрикоӣ ба Трамп: Қонунро давр назан ва дар бораи ҷанг дурӯғ нагӯ
Июл 14, 2026 11:32Порс Тудей- Намояндагони Конгресси Амрико нисбат ба азсаргирии ҷанг алайҳӣ Эрон эътироз карда ва ин иқдоми Трампро давр задани қонуни асосии кишварашон донистанд.
-
Кинояи Ироқчӣ ба Трамп: Мо мунсифтар хоҳем буд
Июл 14, 2026 11:28Порс Тудей- Вазири умури хориҷаи Эрон дар вокунише кинояомез ба иддаоҳои Доналд Трамп бо интишори посте навишт: Эрон ҳамвора ҳофизи амнияти Тангаи Ҳурмуз буда ва хоҳад монд. Албатта 20 дарсад рақами бисёр болое аст; мо мунсиф хоҳем буд!
-
Амалиёти «Наср 2»; Сипоҳи посдорон ва Артиши Эрон пойгоҳҳои Амрико дар Баҳрайн ва Кувайтро бо мушак ва паҳпод дарҳам кӯбиданд
Июл 14, 2026 11:15Порс Тудей - Сооте пас аз ҳамлаҳои ҳавоии таҷовузкоронаи неруҳои амрикоӣ ба нуқоте дар ҷануб ва маркази Эрон, Сипоҳи посдорон ва Артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон бомдоди сешанбе пойгоҳҳои Амрико дар Баҳрайн ва Кувайтро ҳадаф қарор доданд.
-
Пизишкиён: Эрон ва Русия шарикони роҳбурдӣ ва дӯстони қобили эътимоди якдигаранд
Июл 14, 2026 11:01Порс Тудей- Раисиҷумҳури Эрон дар дидори вазири энергетикаи Русия бо таъкид бар зарурати шитоббахшӣ ба иҷрои тавофуқоти роҳбурдӣ миёни Теҳрон ва Маскав, омодагии Ҷумҳурии Исломии Эронро барои рафъи мавонеи пеши рӯи лоиҳаҳои муштарак эълон кард.
-
Қароргоҳи Хотам: Ба ҳеҷ унвон намегузорем Амрико дар Тангаи Ҳурмуз дахолат кунад
Июл 13, 2026 22:14Порс Тудей- сухангуи қароргоҳи марказии Хотамуланбиё(с) Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳушдор дод: Масъулияти ҳамаи нооромиҳо ва густариши ҷанг дар минтақа мутаваҷеҳи Амрико ва кишварҳое аст, ки бо артиши ҷинояткори он ҳамкори мекунанд.
-
Яман: Ҳамлаи Арабистон ба фурудгоҳи Санъо бидуни посух ва муҷозот нахоҳад монд
Июл 13, 2026 21:54Порс Тудей- сухангуи неруҳои мусаллаҳи Яман бо маҳкум кардани ҳамалоти ҳавоӣ Арабистони Саъудӣ ба фурудгоҳи байналмиалии Санъо ин иқдомро поёни марҳалаи коҳиши таниш донист ва таъкид кард, ки ин ҳамла бедуни посух ва муҷозот нахоҳад монд.
-
CNN: Ҷанг бо Эрон захираҳои таслиҳотии Амрикро ба шиддат коҳиш дода аст
Июл 13, 2026 15:10Порс Тудей- CNN дар гузориши навишт: Дар сурати идомаи ҷанги Амрико зидди Эрон захираҳои таслиҳотии ин кишвар ба шиддат коҳиш пайдо мекунад.
-
Амалиёти густардаи Сипоҳи посдорон зидди аҳдофи низомии Амрико дар минтақа; аз сомонаҳои потриюти Кувайт то марокизи паҳподии Баҳрайн
Июл 13, 2026 14:50Порс Тудей- равобит умумии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар итилоъияи аз инҳидоми махозини сухт ва сомонаҳои потриюти Амрико дар Кувайт хабар дод.