Апрел 29, 2023 14:08 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Бишкек бар сохти роҳи оҳани Чин - Қирғизистон - Узбекистон

Вазири хориҷаи Қирғизистон дар дидор бо ҳамтои чинии худ зимни таъкид бар шитоб дар сохти роҳи оҳани Чин - Қирғизистон - Узбекистон иҷрои амалии онро пайвандии муҳим дар пружаи « як камарбанд - як ҷода » донист .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садо Хуросон, Ҷиенбек Қулибоев-вазиери хориҷаи Қирғизистон дар ҳошияи чаҳорумин нишасти вузарои умӯри хориҷаи « Осиёи марказӣ ва Чин » дар дидор бо « Шин Гон »- узви шӯрои давлатӣ ва вазири хориҷаи Чин дар мавриди мавзӯъоти муҳими равобити ду кишвар дар заминаи тақвияти бештари гуфтуи сиёсӣ, тавсеаи ҳамкориҳои тиҷорӣ ва иқтисодӣ, таъомули фарҳангӣ ва башардӯстона ва амният баҳс ва баррасӣ карданд .
Дар ин дидор бар асоси чашмандози рушди тиҷорати мутақобил бар афзоиши зарфияти убӯру мурӯри посгоҳҳои марзӣ ва низ тавсеаи тиҷорати фаромарзӣ ва тиҷорати электронӣ  таъкид шуд .
Тарафи қирғиз алоқаи худро ба иҷрои пружаҳои сармоягузории муштарак ва низ ҳамкорӣ дар заминаҳои кишоварзӣ, саноеъи табдилӣ, саноъати нассоҷӣ ва пӯшок, энержӣ ва бонкдорӣ баён кард ва ду тараф бар аҳамияти эҷоди шароити мусоид барои сафарҳои мутақобили шаҳрвандони қирғиз ва чинӣ таъкид карданд .
 

 

Барчасп