Май 20, 2023 17:55 Asia/Dushanbe
  • Дидори сарони Тоҷикистон ва Узбекистон

Раисони ҷумҳурии Тоҷикистону Узбекистон дар ҳошияи як нишасти минтақаӣ дар Чин, дидор ва дар мавриди густариши ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ карданд.

Нишасти сарони кишварҳои ҳавзаи “Осиёи Марказӣ-Чин” рӯзи панҷшанбе дар Чин оғоз шуд.

Ширкаткунандагон дар ин нишаст, аз ҷумла сарони Узбекистону Тоҷикистон дар ҳошияи ин гирдиҳамоӣ бо якдигар дидору гуфтугӯ карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Узбекистон ва Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дидор ва дар бораи густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар ҳамаи заминаҳо ва таъмиқи равобити шарокати роҳбурдӣ ва ҳампаймонии ду кишвар табодули назар карданд.

Сарони ду кишвар нишасти давраии Камиссиюни муштараки байнидавлатӣ дар ҳамкории иқтисодиро, ки 12 май дар шаҳри Тошканд баргузор шуд, муфиду арзишманд тавсиф карданд.

Эмомалӣ Раҳмон аз имкони дидору мулоқот изҳори қаноатмандӣ карда, натиҷаҳои онро барои таҳкими робитаҳои Тоҷикистону Узбекистон неку назаррас арзёбӣ намуданд.

Ҷонибҳо дар рафти мулоқот ҳолат ва дурнамои робитаҳои ду давлатро дар сатҳу соҳаҳои гуногун, аз ҷумла дар чаҳорчӯби ҳамоиши “Осиёи Марказӣ-Чин” муҳокима намуданд.

 

Барчасп