Ислоҳи мувофиқатномаи интиқоли нефти Русия ба Чин аз тариқи Қазоқистон
(last modified Sun, 21 May 2023 04:55:38 GMT )
Май 21, 2023 09:55 Asia/Dushanbe
  • Ислоҳи мувофиқатномаи интиқоли нефти Русия ба Чин аз тариқи Қазоқистон
    Ислоҳи мувофиқатномаи интиқоли нефти Русия ба Чин аз тариқи Қазоқистон

Пешнависи ислоҳи мувофиқатномаи Қазоқистон ва Русия дар мавриди интиқоли нефти Русия аз тариқи хоки Қазоқистон ба Чин тадвин шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ин пешнавис барузрасонии ҳаҷми транзит, тарифаҳо ва тасвияҳисобҳои транзитии нефт ва ҳамчунин тамдиди мувофиқатнома барои як давраи даҳсола то аввали январи соли 2034-ро мушахас мекунад.

Пешбини мешавад, ки тарафайн шароитро барои интиқоли тулонимуддати нефти Русия тавассути созмони муҷози тарафи русӣ ба мизони 10 миллион тонна дар сол эҷод кунанд.

Ин қарордод то аввали январи соли 2034 эътбор дорад.