Нишасти мақомоти марзии Тоҷикистону Қирғизистон
(last modified Thu, 25 May 2023 04:11:51 GMT )
Май 25, 2023 09:11 Asia/Dushanbe
  • Ройзании мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон
    Ройзании мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон

Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон нишасте байни руасои минтақаи Суғд ва Ботканд баргузор шуд.

Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон нишасте байни Раҷаббой Аҳмадзода ва Абдукарим Алимбоев, раиси вилояти Суғд ва минтақаи Ботканд баргузор шуд.

Дар ин нишаст сарони ду минтақа дар хусуси ҳифзи субот дар марзҳо, таъмини амнияти умумӣ ва ҷилавгирӣ аз иқдомоти таҳрикомез гуфтугӯ карданд.

Ҳамчунин дар ин нишаст тавофуқ шуд, ки аз паҳпод дар манотиқи марзӣ истифода нашавад.

Тарафайн ҳамчунин дар мавриди истифода аз об ба сурати дуҷониба тавофуқ карданд.

Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 970 километр марзи муштарак доранд, ки то кунун фақат 520 километри он мушаххас шудааст.