Қирғизистон нерӯҳои мусаллаҳи худро тақвият мекунад
Раисиҷумҳури Қирғизистон гуфт, дар ҷиҳати тақвияти нерӯҳои мусаллаҳ таҷҳизоти ҷадиди низомӣ, харидорӣ шудааст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Садир Ҷабборов, раисиҷумҳури Қирғизистон дар ҷаласаи Шӯрои амнияти иттилоотӣ дар мавриди навъи таҷҳизоти низомие, ки барои тақвияту тавсеаи неруҳои мусаллаҳи ин кишвар харидорӣ шудааст, ироа кард.
Ба гуфтаи Ҷабборов, анвоъи ҷадиде аз силоҳҳо харидорӣ шудааст, ки мушобеҳи он дар тамоми Осиёи Марказӣ вуҷӯд надорад.
Вай гуфт, мо паҳподи «Байрақтар» ва ду чархболи«Эйрбас»-и ҷадид барои вазорати шароити изтирорӣ, харидорӣ кардем. 5 фарванд чархболи бо ҳазинаи буҷети вазорати дифои таъмироти асосӣ шуд.
Илова бар ин, як адад болгарди ҷадиди «МI - 17 B5», харидорӣ шуда ва ҳамчунин қасд дорем болгарди теъдоде « Mi - 17»-ро харидорӣ кунем.
Раисиҷумҳури Қирғизистон афзуд, сомонаи мушакии зиддиҳавоии мутаҳаррики «Печура» модерн харидорӣ шудааст, ки ба муҳофизат дар баробари ҳамалоти ҳавоии эҳтимолӣ кумак мекунад. Ҳамчунин як системаи дифои ҳавоии минтақаӣ ба таври муштарак бо Русия эҷод шуд.