Рушди 7 баробарии гардиши молии Қазоқистон ва Гурҷистон
(last modified Sun, 25 Jun 2023 13:19:15 GMT )
Июн 25, 2023 18:19 Asia/Dushanbe
  • Рушди 7 баробарии гардиши молии Қазоқистон ва Гурҷистон

Дар гуфтугуи нахуствазирони Қазоқистону Гурҷистон таъкид шуд, гардиши молӣ байни кишварҳо бо рушди 7 баробарӣ ба рекорди 600 миллиондоллар расидааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Алихон Исмоилов, нахуствазири Қазоқистон дар сафар ба Тифлис бо Ираклий Гарибашвили, нахуствазири Гурҷистон дидору гуфтугу кард.

Вай хотирнишон кард, ки Қазоқистону Гурҷистон бо равобити дӯстӣ ва ҳамкории чандҷонибаи дерина пайванд хӯрдаанд ва ҳамкориҳои дуҷониба ба таври суннатӣ дар сатҳи болое дар саросари қисми равобит байни давлатӣ қарор дорад.

Нахуствазири Қазоқистон гуфт, мо аз тамоюли мутақобил барои тавсеаи пеши рӯи ҳамкории ду кишвар дар рӯҳияи эътимод ва эҳтиром ҳимоят мекунем.

Вай таъкид кард, ки Гурҷистон шарики муҳим ва қобили эътимоди Қазоқистон дар Қафқози Ҷанубӣ аст. Дар айни ҳол, ҳамкорӣ дар ҳавзаи тиҷорӣ ва иқтисодӣ ҳастаи аслии ҳамкориҳои дуҷониба аст. Ба ин тартиб дар соли гузашта, гардиши молӣ байни кишварҳо бо рушди 7 баробарӣ ба рекорди 600 миллиондоллар расид. Рушди пӯё дар соли ҷорӣ идома дошт ва дар 4 моҳ, ҳаҷми мубодилоти мутақобили 5 баробар шуд ва ба 167 миллиондоллар расидааст.