Ҳамкории тиҷорӣ ва иқтисодӣ меҳвари дидори мақомоти Туркманистон ва Ҷопон
Дар дидори мақомоти Туркманистон ва Ҷопон вазъият ва чашмандози мушорикати 2 кишвар дар заминаи рушди равобити тиҷорӣ ва иқтисодӣ барраси шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Рашид Муродов вазири хориҷаи Туркманинстон бо раиси кумитаи ҳамкориҳои иқтисоди ва мудири иҷрои ширкати саноати Кавасаки дидору гуфтугу кард.
Муродов дар ин дидор таъкид кард равобити Туркманистон ба як сатҳи кайфии ҷадиди расид ва дар ин замина сарони ду кишвар талошҳои вижаи барои эҷоди ангеза барои иҷроӣ ҳамкориҳои дуҷониба анҷом медиҳанд.
Ҳамчунин бар аҳамияти табодулоти парлумонӣ дар равобити байни ду кишвар, ки моҳияти муназами ба худ гирифт ва ба бахши муҳими аз равобити сиёсии дуҷониба табдил шуда аст ишора шуд.