Таҳлил: Нигоҳе ба интихоботи зудҳангоми раёсат ҷумҳӯрии Узбекистон
Имрӯз (якшанбе- нуҳуми июл) нахустин давраи интихобот бар асоси қонуни интихоботӣ мусаваби соли 2019 мелодӣ Ҷумҳӯрии Узбекистон баргузор хоҳад шуд. Ин қонун шомили меконизмҳое барои шаҳрвандони Узбекистон аст то аз ҳуқуқи худ барои мушорикат дар зиндагии сиёсӣ-иҷтимоӣ дар дохили кишвар бо рай додан истифода кунанд.
Райдиҳандагони узбек рӯзи нуҳуми июл ба яке аз чаҳор номзад шомил " Абдулшакур Ҳамзаев" аз Ҳизби муҳити зисти Узбекистон, "Робохон Маҳмудова" аз Ҳизби Сотсиал демократияи адолат, Улуғбек Иноятов" аз Ҳизби демократияи халқии Узбекистон ва "Шавкат Мирзиёев" аз Ҳизби леберал демократияи Узбекистон рвй хоҳанд дод. Ҷамъияти Узбекистон беш аз 35 миллион нафар аст, ки беш аз 21 миллион тан аз онҳо воҷиди шароити рай додан дар интихоботи зудҳангоми раёсатҷумҳӯри ҳастанд.
Шавкат Мирзиёев раёсат ҷумҳӯрии Узбекистон ҳудуди ду моҳ пеш фармони интихоботи раёсат ҷумҳӯрии зудҳангом дар ин кишварро имзо кардааст. Раиси ҷумҳӯрии Узбекистон пеш аз имзои ин фармон, дар суханоне гуфта буд: Барои аттои ихтиёроти ҷаддид ба худ ба унвони раиси ҷумҳӯр бо ҳадафи кумак ба муқобила бо фарояндҳои вахим ва печида дар ҷаҳон, хостори интихоботи зудҳангоим раёсат ҷумҳӯри аст.
Ин изҳороти Шавкат Мирзиёев-ро бояд ба маънои пирӯзии қатъи вай дар интихоботи нуҳуми июл қаламдод кард. Аз ҳамакнун қобили пешбини аст, ки Шавкат Мирзиёев дар интихоботи рӯзи нуҳуми июл бори дигар ба пирӯзӣ хоҳад расид. Ба хусус,ки Мирзиёев меъмори сиёсати хориҷӣ пурҷамъияттарин кишвари Осиёи Марказиро ядак мекашад.
Димитри Алексадров, мудири бахши мутолеъоти Осиёи Марказии Донишкадаи мутолеъотии стратежики Русия ва як соҳибназар дар умури сиёсӣ масоъили минтақаи Осиёи Марказӣ ва Қафқоз муътақид аст: Шавкат Мирзиёев, дорои бузургтарин шонси дарёфти мақоми раёсатҷумҳӯрии узбекистон аст. Ин сиёсатмадори рус тасреҳ кард: Сиёсати Шавкат Мирзиёев, ҳамчунон бар тақвияти ҳарчӣ бештари робита бо Русия ва дури аз Ғарб мутамаркиз хоҳад буд.
Дар муқобили ин дидгоҳ. бархе соҳибназори ғарбӣ бо ибзори мавозеъи тангназарона, ҳамчунон дар садади барҳам задани увзоъ дар дохили Узбекистон будаанд. Пеш аз ин коршиноси амрикоӣ гуфта буд:Теъдоди эътирозҳо ба далели мушкилоти иқтисодии мудовим,нокомии давлатҳо дар таъмини рифои кофӣ ва афзоиши сатҳи нобаробари ас,ки ҳама сола ташдид мешавад.
Мушахас аст нигоҳи коршиносони ғарбӣ ба вижа амрикоӣ бар вазъияти буҳронӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҷумла Узбекистон мутамаркиз аст. Ин нигоҳи тангназарона аз сиёсатмадорони ғарбӣ ба коршиносони ин кишварҳо низ сироят ёфтааст. Ба рағми ин таҳлилҳо, коршиносони масоъли минтақа бар ин боваранд, ки беҳбуди тадриҷии қавонини интихоботӣ ва шеваи баргузории интихобот дар Узбекистон дар даврони раёсат ҷумҳӯрии Шавкат Мирзиёев ба сатҳи кайфи ҷаддиде иртиқо ёфтааст.
Бар асоси қавонин мусавиб, таблиғоти интихоботи дар рӯзи интихобот ва як рӯзи пеш аз он мамнуъ аст. Ба ҳамин далел, аз як рӯз пеш аз интихоботи раёсатҷумҳӯрии зудҳангоми узбекистон тамоми барномаҳои таблиғортри қабъ шуда аст. Ба иборати дигар, ҳафтуми июл охарин рӯз бароитаблиғоти интихоботӣ маҳсуб мешуд. Аз имрӯз (ҳаштуми июл) тамоми расонаҳои давлати ва хусуси дар Узбекистон, пахши таблиғоти интихоюботиро мутавақиф ва пахши барномаҳои маъмули худро дар дастури кор қарор додаанд.
Нуктаи қобили таъамул дар иртибот бо интихоботи зудҳангоми раёсат ҷумҳӯрии Узбекистон ин аст, ки тақрибан, ҳар ду сол якбор як давраи раёсатҷумҳӯри дар Узбекистон баргузор мешавад. Охарин интихоботи раёсат ҷумҳӯрии Узбекистон дар рӯзи 24-уми моҳи откябри соли 2021 мелодӣ баргузор шуд.Чунин ба назар мерасад, ки баргузории интихоботи зудҳангом як имтиёз барои шахси раисиҷумҳӯрӣ маҳсуб мешавад ва аз иқтидори вай ҳикоят дорад.