Июл 17, 2023 11:50 Asia/Dushanbe
  • Эҷоди шароити мусоъид барои ҳузӯри сармоягузорони хориҷӣ дар Қирғизистон
    Эҷоди шароити мусоъид барои ҳузӯри сармоягузорони хориҷӣ дар Қирғизистон

Содир Ҷаборов, раисиҷумҳӯри Қирғизистон гуфт: Шароити мусоъиде барои фаъолияти сармоягузорони хориҷӣ эҷод шуда, ки авлавият бо ҳифзи ҳуқуқ ва манофеъи онҳо аст.

Ба гузориши хабаргузории Форс аз Бишкек, Содир Ҷаборов, раисиҷумҳӯри Қирғизистон  ва раиси парлумони миллии Кареяи Ҷанубӣ, ки дар як сафари расми ба Қирғизистон рафта, дар мавриди вазъияти феъли ва чашмандози рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар ҳамаи заминаҳо аз ҷумла ҳамкориҳои байни парлумонӣ табодули назар карданд.

Ҷаборов, ба тъомулоти байни кишварҳо дар заминҳои сиёсӣ, фарҳангӣ ва башардӯстона ва ҳамчунин рушди равобити байни парлумонӣ ишора карду гуфт: Қирғизистон Кареяи Ҷанубиро яке аз шуракои авлавиятдори муҳим дар минтақаи Осиё-Уқёнусия медонад.

Раисиҷумҳӯри Қирғизистон ҳамчунин ба зарфиятҳои фаровон барои тақвияти ҳамкориҳои тиҷорӣ ва иқтисодии байни дукишвар пардохт ва дар айни ҳол бар мавзӯъоте дар заминаи судури раводид барои атбои Қирғизистон барои сафар ба Кареяи Ҷанубӣ таъкид кард.

Дар поёни ин дидор тарафайн бар алоқ ва омодагии мутақобил барои рушдҳи ҳамкориҳои чанд ҷониба ва судманди байни Қирғизистон ва Кареяи Ҷанубӣ ишора карданд.

Бештар бихонед: