Июл 20, 2023 10:51 Asia/Dushanbe
  • Қаҳрамонии валиболистҳои навҷавони Эрон дар мусобиқоти Осиёи Марказӣ
    Қаҳрамонии валиболистҳои навҷавони Эрон дар мусобиқоти Осиёи Марказӣ

Тими валиболи камтар аз 16 соли писарони Эрон, бо ғалаба бар Покистон ба мақоми қаҳрамонии рақобатҳои Осиёи Марказӣ даст ёфт.

Нахустин давраи мусобиқоти валиболи қаҳрамонии зери 16 соли писарони Осиёи Марказӣ, ки ба мизбонии шаҳри Тошканди пойтахти Узбекистон оғоз шуда буд, дирӯз (чаҳоршанбе) бо қаҳрамонии тими Эрон ба поён расид.

Ба гузорши Ирно, тими Эрон дар дидори ниҳоии ин рақобатҳо барои дуввумин бор ба масофи Покистон рафт ва бо шикасти се бар дуи ин тим қаҳрамони нахустин давраи мусобиқоти валиболи зери 16 соли Осиёи Марказӣ шуд.