Июл 27, 2023 18:23 Asia/Dushanbe
  • Машварати вазирони умӯри хориҷаи Узбекистон, Тоҷикистон ва Туркманистон

Вазирони умӯри хориҷаи Узбекистон, Тоҷикистон ва Туркманистон дар чорчӯби як видеоконфаронс охирин вазъияти ҳамкориҳои чандҷонибаро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Бахтиёр Саидов, вазири умӯри хориҷаи Узбекистон, Сироҷиддини Муҳриддин, вазири умӯри хориҷаи Тоҷикистон ва Рашид Муродов- вазири умӯри хориҷаи Туркманистон дар чорчӯби як видеоконфаронс машварат карданд .
Дар чорчӯби ин видеоконфаронс омодагии лозим барои баргузории нишасти раисони ҷумҳӯри Узбекистон, Тоҷикистон ва Туркманистон, ки авоили моҳи августи соли ҷорӣ дар шаҳри Ашқобод баргузор мешавад, мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Вузарои умӯри хориҷаи мазкӯр пешнависи барнома, дастури кори нишасти оянда ва ҳамчунин пешнавис санади ниҳоии нишастро баррасӣ карданд.
Дар ин замина вузарои умӯри хориҷаи мазкӯр дар мавриди бахшҳои авлавиятдори ҳамкориҳои минтақаӣ табодули назар карданд.
 

 

Барчасп