Июл 29, 2023 21:51 Asia/Dushanbe
  • Нахустин қатор аз Чин ба Осиёи Марказӣ меояд
    Нахустин қатор аз Чин ба Осиёи Марказӣ меояд

Аввалин қатори бории мустақими Чин - Осиёи Марказӣ, бандари заминӣ - дарёии Дулайинги ин кишварро ба мақсади Алмаато тарк кард.

Ба гузориши хабаргузории ИРНА, қарор аст ҳудуди ҳазору 300 тон маҳсулоти кишоварзӣ дар масири баргашт аз Қазоқистон ба Гуиянг мунтақил шавад.

Ба заъми коршиносон, ҳаракати ин қатор барои аввалин бор нишондиҳанда пӯётар шудани роҳи оҳани Чин - Осиёи Марказӣ аст.

Моҳи май санади тафоҳуми тасреъ дар сохти роҳи оҳани се кишвар миёни Кумитаи давлатии тавсеа ва ислоҳоти ҷумҳурии халқи Чин, Вазорати ҳамлу нақлу иртибототи ҷумҳурии Қирғизистон ва Вазорати ҳамлу нақли ҷумҳурии Узбакистон дар Сиани Чин имзо шуд.

 

Барчасп