Дидори сафирони Туркманистону Қазоқистон дар Тоҷикистон
Дар дидори суфарои Туркманистону Қазоқистон дар Тоҷикистон роҳҳои тақвияти ҳамкориҳо байни ду кишвар баррасӣ шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Аймурад Кочмурадов ва Валихон Туреханов, суфарои Туркманистону Қазоқистон дар Тоҷикистон бо якдигар дидору гуфтугу карданд.
Дар ин дидор дар мавриди ҳамкории дуҷониба ва чандҷониба баҳсу табодули назар шуд.
Ҷанбаҳои таъомули ду кишвар бо Тоҷикистон, аз ҷумлаи дигар мавзуоти башумор меравад, ки тайи ин дидор баҳсу баррасӣ шуд.
Пеш аз ин дар мавриди дидори сафири Туркманистон бо Умут Аҷар, сафири Туркия гузориш шуда буд, ки дар маҳали сафорати Анкара дар шаҳри Душанбе баргузор шуда буд.
Сафири ҷадиди Туркманистон чанде қабл рӯнавишти устуворномаи худро ба Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умӯри хориҷаи Тоҷикистон тақдим ва бо теъдоде аз мақомоти расмии ин кишвар гуфтугу кардааст.