15-уми январ - рӯзи мавриди амал қарор гирифтани тағйироти Қонуни Асосии Қирғизистон
Декабр 29, 2016 16:55 Asia/Dushanbe
Раисҷумҳури Қирғизистон тағйироти эъмолшуда дар Қонуни асосии ин кишварро имзо кард.
Ба гузориши хабаргузории “Форс”, маркази матбуотии раёсатҷумҳурии Қирғизистон рӯзи панҷшанбе эълом кард, дар пайи имзои Алмосбек Отамбоев тағйироте, ки ба Қонуни Асосии ин кишвар ворид шудаанд, аз 15-уми январи соли 2017 мавриди амал қарор мегиранд.
Ҳамапурсӣ ҷиҳати тағйири Қонуни Асосии Қирғизистон 11 декабр баргузор шуда буд. Ҳадаф аз амалӣ кардани ин қонун эҷоди тағйирот, таҳкими истиқлолу ҳокимият, афзоиши ихтиёроти парлумон ва шаффофсозии ҳамкории ҳокимияти қонунгузор ва иҷроия аст. Раисҷумҳури Қирғизистон бояд 14 рӯз баъд аз мавриди амал қарор гирифтани ин тағйирот матни расмии Қонуни Асосии Қирғизистонро дар ихтиёри умум қарор диҳад.